Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

рони имрӯза) буда, муддатҳои дароз дар Мовароуннаҳр, Хуросон ва Хоразм, чанд гоҳ дар Бухоро ва Марв истиқомат кардааст. Ӯ дар фитнаи муғул ба Ироқ гурехта, 7 — 8 сол дар он ҷо умр ба сар бурда, аксари вақтҳо шаҳр ба шаҳр овора гаштааст, қатлу ғорати муғулро бо чашми худ дида, дар шаҳри Рай як-ду бор асири муғулон гашта, хорию зориҳо кашидааст. Охирул-амр баъд аз инқирози Хоразмшоҳиён тақрибан дар соли 1226 Шамси Қайс аз Ироқ ба Форс муҳоҷират намуда, дар дарбори Атобак Саъд бинни Зангӣ ва Атобак Абубакр бинни Саъд бинни Зангӣ хизмат кардааст 1. Тафсилоти охири умри Шамси Қайс маълум нест.

Шамси Қайс таълифи «Ал-мӯҷам»-ро дар соли 1217—1218 дар Марв сар карда буд. Пас аз як сол мусаввадаи он дар як ҳуҷуми муғул дар пеши қалъаи Фарразин (миёни Ҳамадон ва Исфаҳон), бо ашёи нафисаи дигар талаф шуд, вале баъди чанд вақт баъзе порчаҳои онро бо ёрии деҳқонони кӯҳистон ёфт ва дар соли 1232 — 1233 таълифи онро ба охир расонид. Аммо китоб аввал ба забони арабӣ навишта шуда будааст ва фақат арӯзу қофияро дар бар мегирифтааст, ки мисолҳо ҳам аз адабиёти араб ва ҳам аз адабиёти форс-тоҷик будааст. Баъдтар бо илтимоси дӯстон китобро ба ду тақсим карда, он чӣ ба забони форсӣ оид буд, дар китоби «Ал-мӯҷам фӣ маойир-ул-ашъор-ил-Аҷам» ҷамъ овард ва он чӣ ба адабиёти араб оид буд, дар китоби ҷудогона гун карда, «Ал-мӯҳраб фӣ маойир-ул-ашъор-ул-араб» номид. Қайси Розӣ гӯё китоби дигаре бо номи «Ал-кофӣ фи-л-арӯзайн ва-л-кавофӣ» таълиф кардааст, ки эҳтимол ҳамон қисми арабии «Ал-мӯҷам» бошад.

Барои ин ки аҳамияти «Ал-мӯҷам»-и Шамси Қайси Розӣ маълум шавад, овардани як порчаро аз хотимаи он зарур мешуморем. Азбаски такрири Шамси Қайс барои ҷавонони имрӯза сахтӣ мекунад, мо матнро то андозае содда кардем ва баъзе калимаю ибораҳоро дар даруни қавс эзоҳ додем.

Шамси Қайс дар бораи шартҳои шеър ва шоирӣ чунин мегӯяд 2:

«Барои шеър адавот (олотҳо) ва барои шоир муқаддамот (шартҳо, назарияҳо) лозим аст, ки бе он ҳеҷ касро лақаби шоирӣ намезебад ва ба ҳеҷ шеър номи нек дуруст намеояд. Олоти шеър аз калимоти саҳеҳ, алфози ширин, ибораҳои балиғ ва маъонии латиф иборат буда, вақте ки онро дар қолаби мақбули вазн мерезанд ва ба риштаи абъёти матбӯъ (дилкаш) мекашанд, шеъри нек номида мешавад ва ҳамон санъат аз ғайри пурра ба

1 Саъдӣ ҳам дар замони ҳукмронии ҳамин Атобак Абубакр бинни Саъд бинни Зангӣ дар Шероз зиндагӣ карда буд. Вале Шамси Қайс аввалҳои салтанати ин Атобак аз Саъдӣ охирҳои ӯро дарёфтаст, ки эҳтимол Қайс ва Саъдӣ якдигарро надида бошанд, чунки дар китоби «Ал-мӯҷам» зикре аз Саъдӣ намеравад.
2 Ал-мӯҷам, хотима, саҳ. 445.

пешина
аз 303
навбатӣ