Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
гирад. Он иборат малакаи забони ӯ шавад. Маҷмӯи он моддаи табъ ва мояи хотири ӯ гардад. Вақте ки димоғи ӯ ба хор медарояд ва сикри табъи ӯ кушода мешавад, фоидаҳои он ашъор рӯй менамояд ва натиҷаҳои баҳравариҳо пайдо мегардад. Он гоҳ шеъри ӯ чун чашмаи зулол аст, ки мадад аз рӯдҳои бузург ва ҷӯйҳои амиқ мегирад ва монанди маъҷуни хушбӯй меояд, ки ройиҳаҳои он машоми рӯҳҳоро муаттар мегардонад ва касе бар айбҳои он воқиф намешавад.
Вақте ки шеъреро сар карданӣ мешавад, аввало бояд насри онро ба пеш оварад ва маънии онро ба саҳифаи дил нигорад ва калимаҳои лоиқи он маъниро тартиб диҳад, вазне мувофиқи он шеър ихтиёр кунад, аз қофияҳо, он чӣ мумкин гардад ва хотир бо он мусомаҳат кунад (осоиш гирад), бар вараке нависад ва ҳар чӣ аз он саҳл ва дуруст ояд, дар он вазн ҷой интихоб кунад, қофияҳои шойгон ва маъмулро ба он роҳ надиҳад. Дар назми абёт ба сиёкати сухан (суханронӣ) ва тартиби маъни илтифот нанамояд, то ҷумла қасидаро бар сабили мусаввадан таълик занад ва чӣ гуна ки иттифоқ афтад, бигӯяд ва бинависад.
Агар иттифоқ афтад, ки дар байте ягон қофияро ба ягон маъни ба кор бурдааст, баъд аз он маънии беҳтар рӯй намояд ва байте аз он барҷастатар даст диҳад, он қофия дар он байт нағзтар ҷой гирад, нақл кунад. Пас ба байти аввал ҳоҷат афтад, барои он қофияи дигаре ёбад, вагарна тарк кунад.
Вақте ки байтҳо бисёр шуду маъно тамом гашт, ҳамаашро як-ду бор бо сидқи дил хонад, дар бораи соф ва сара кардани байтҳо диққат кунад, ҳар як байтро ба ҷои муносиб гузорад, то ки мазмуни байтҳо аз ҳам канда нашавад, байтҳо аз ҳамдигар бегона нагарданд, дар ҳар сурат мувофиқати байтҳо, мисраъҳо, мутобиқати калимаҳо, маъниҳоро лозим шуморад.
Бисёр воқеъ мешавад, ки ду мисраъ ё ду байт аз роҳи маъно мутаносиб намеафтанд ва ба ин сабаб равнақи шеър ботил мегардад. Ин гуна маъно дар рубоиёт бештар воқеъ мешавад, ки шоирро маънои хуш дар хотир меояд ва бештар чунон мешавад, ки онро байти охир месозад ва аввалинро ба он мепайвандад ва дар он аз таносуби калима ва алоқаи лафзҳо ғофил мемонад, чунон ки Разини Нишопурӣ гуфтааст:
1 Сикр — банди об, садди наҳр, маҷозан гиреҳ, садд, бастагӣ, сикри табъ — гиреҳи табъ.
2 Қофияи шойгон — яке аз қофияҳои саҳат, масалан, ба ҳам қофия шудани калимаҳои «некӯтар», — «зеботар», — «гуфтан» — «шунидан», «лолаҳо» — «ғунчаҳо» ва ғайра.
3 Мусаввадан таълик — сиёҳнависи овеза; ишора бар он ки шоирони араб пеш аз исломият шеъри худро ба коғазе навишта дар рӯзи бозор ба девори хонаи Каъба меовехтанд ва мардум хонда ба он баҳо медоданд; мусаввадан таълик киноя аз шеърест, ки писанди умум ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё