Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
рав меояд. Мисол: «Ӯ омада гӯсоларо ба тарафи оғил мекашид, ки вай якравӣ мекард. Ҳарчанд дукаса онро мекашиданд, мисли он ки чор пояшро мех карда, ба замин кӯфта бошанд, худро ба ақиб мекашид» (Р. Ҷалил).
Гоҳо ёридиҳандаи монандӣ ба воситаи феъли мондан, ки ба маънои ташбеҳ кардан аст, адо мешавад, ки ин ҳолат низ дараҷаи ташбеҳро боло мебардорад:
Даруни ҷомаи рангини хеш дунёдор
Ба кирмҳои бирешимтанида мемонад.
(Сайидо)
Инқилоб офтобро монад,
Ё ки тӯфони обро монад.
(С. Айнӣ)
Ташбеҳ аз ҷиҳати сохт ва намуди берунӣ, ҳам аз тарафи мазмун ба чанд қисм ҷудо мешавад.
Ташбеҳи равшан. Ташбеҳеро, ки бо ёридиҳандаи монандӣ сохта мешавад, ташбеҳи равшан (сареҳ) ё ки мутлақ меноманд. Мисоли ин гуна ташбеҳот дар боло зикр шуд.
Ташбеҳи пӯшида
Гоҳо ташбеҳ аз ғайри иштироки ёридиҳанда (адоти ташбеҳ) ташкил меёбад ва беҳтарину барҷастатарин ташбеҳ ҳамон ташбеҳест, ки аз ғайри иштироки ёридиҳанда ташкил ёфтааст.
Ташбеҳи пӯшида намудҳои гуногун дорад:
- Бо роҳи таъкид, яъне бо роҳи паси ҳам ба таври ҳукму маҳкум овардани монандшаванда ва монандкунанда, инчунин бо ёрии калимаҳои таносубӣ ташкил меёбад. Ҳамчун: қади ӯ равон сарв аст, яъне қади ӯ монандӣ сарв аст.
Ҷалол Икромӣ гуфтааст: «Шумо гуле ҳастед, ки маконатон гулзору чаман аст». Дар ин ҷо «шумо гуле ҳастед» ба ин маънист, ки шумо мисли гул ҳастед, лекин нависанда адоти ташбеҳ (мисли, монандӣ, ҳамчун ва ғайра)-ро партофта ташбеҳи пӯшида сохтааст.
Аз ин мисоли зерин низ фикри боло равшан фаҳмида мешавад: «Он мардум гуфтанд, ки дар ин вақту замон ӯ Рустам аст ва корҳои ӯ зиёда аз он аст, ки дар ҳавсалаи башарӣ гунҷоиш надорад» («Таърихи Муқимхонӣ»).
Мисоли ташбеҳи пӯшида бо роҳи таъкид, яъне ба таври маҳкум:
Рӯят — дарёи ҳусну лаззат — марҷон
Зулфат — анбар, садаф — даҳон, дурр — дандон.
Абрӯ — киштию чини пешонӣ — мавҷ,
Гирддоби бало — ғабғабу чашмат — тӯфон.
(Рӯдакӣ)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё