Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Дар мисраи якум ташбеҳ ҳаст: анор ба лаби ёр ташбеҳ дода шудааст. Дар ин ташбеҳ анор — монандшаванда ва лаби ёр монандкунанда буда, чун ёридиҳандаи монандрист. Хандон сабаби монандӣ мебошад, зеро ба сабаби ҳамин хислат анорро ба лаб монанд кардаанд, яъне анор аз сабаби хандон буданаш ба лаби ёр монанд шудааст.
Дар забони тоҷикӣ ёридиҳандаи монандӣ инҳоянд: чун, ҳамчуқ, мисли, монандӣ, монанди он ки, чунон ки, гӯё, гӯиё, гӯй, пиндорӣ, феъли мондан, шабоҳат доштан, гуфтӣ, моно ва пасояндаҳои осо, -сон, -ваш, -вор, барин ва ғайра.
Мисолҳо:
Биёр он май, ки пиндорӣ равон ёқути ноб астӣ1
Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ
(Рӯдакӣ)
Парирӯӣ, ниҳон медорӣ асрор,
Сухан дар парда мегӯӣ паривор,
Чаро чун гул занӣ дар пӯст ханда?
Сухан бояд чу шакар пӯстканда.
(Низомиё)
Даҳони танги ту мим аст гӯй,
Шиканҷи зулфи ту чим аст гӯй.
(Низомиё)
Миёнат гӯиё розест ғайбӣ,
Ки аз сирри замир омад ниҳонтар.
(Камол)
Домани гулистонаш то маро ба чанг омад,
Пираҳан бар аъзояш ҳамчу ғунча танг омад
(Сайидо)
Эй лабат мул, оразат гул, турраат сунбул барин,
Ғабғабат дар чарбу нармӣ тухми нимдунбул барин,
Меравӣ аз сӯҳбати ман ҳамчу наргис саргарон,
Менишинӣ тозарӯ пеши рақибон гул барин...
(Шоҳин)
Чингилак мӯӣ дорӣ,
Нозанин гулворӣ,
Садкаи номат шавам,
Номи ширинӣ дорӣ.
(фолклор)
«Чун мӯӣ дар оташ афтода ба худ мепечид ва чун мори саркӯфта талвоса мекард» (Р. Ҷалил).
Гоҳо ёридиҳандаи монандӣ дар аввал ва охири монандкунанда наомада, дар ҷумлаҳои мураккаб ба аввали ҷумлаи пай-
1 Ноб — тоза, соф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё