Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
дан таърих. Санъатҳои муштарак инҳоянд: илтифот, бароати истеҳсол, сиёкатулаҷдод, ҷамъу тафрик, тансикуссифот, ҷамъу тақсим, таҷнис, саҷъ, қалб, лаффу нашр, мурооти назир, мурас- саъ, таҷоҳули ориф, ҳусни ташбеҳ, истиора, тамсил, киноя, тал- меҳ, акс ва монанди инҳо¹.
ТАШБЕҲ
Ташбеҳ монанд кардан аст. Нависанда барои равшантар тасвир кардани чизе гоҳо ягон хусусияти онро ба ягон хусуси- яти чизи дигар монанд мекунад. Вале дар миёни монандша- ванда ва монандкунанда аз рӯи сифат, ё хусусият, ё кирдору атвор — аз ягон ҷиҳат бояд як навъ монандӣ мавҷуд бошад. Ташбеҳ дар роҳи барҷаста, равшан ва зебо ифода намудани ягон лавҳаи бадеӣ хизмат мекунад.
Касе ва ё чизе, ки ба касе ва ё чизе монанд карда мешавад, монандшаванда ё ташбеҳшаванда ном дорад. Касе ва ё чизе, ки монандшавандаро ба худ монанд кардааст, монандкунанда ё ташбеҳкунанда номида мешавад. Калимаҳое, ки дар монанд кардан ёрӣ медиҳанд, ёридиҳандаи монандӣ ё ки адоти ташбеҳ ном дошта, аломати муштараке, ки дар миёни монандкунанда ва монандшаванда мавҷуд аст, сабаби монандӣ ё ки ваҷҳи таш- беҳ номида мешавад.
«Эй руҳат ҳамчу офтоб мунир» гӯем, руҳ монандшаванда ва офтоб монандкунанда мебошад, зеро ки руҳ ба офтоб мо- нанд карда шудааст, калимаи мунир (тобон), ки сабаби руҳро ба офтоб монанд кардан шудааст, сабаби монандӣ (ваҷҳи таш- беҳ) буда, калимаи ҳамчу ёридиҳандаи монандӣ аст, чунки ин ташбеҳ бо ёрии ҳамин калима сохта шудааст.
Ин байти Рӯдакиро гирем:
Манам ғуломи худованди зулфи ғолиягун,
Танам шуда чу сари зулф нотавону нагун.
Дар мисраи дуюми ин байт ташбеҳ ҳаст, шоир тани худ, нотавонӣ ва афтодагии онро ба сари зулф монанд кардааст. Дар ин ташбеҳ тан — монандшаванда, сари зулф — монандкунанда буда, чу ёридиҳандаи монандӣ мебошад ва нотавону нагун аломати монандӣ ст, чунки дар миёни монандшаванда ва монандкунанда муштарак аст, яъне ин калимаҳо хислатҳоеро нишон медиҳанд, ки ҳам ба ташбеҳшаванда ва ҳам ба ташбеҳкунанда хос аст.
Дар байти Ҳусаини Воизи Кошифӣ:
Анораш чун лаби дилдор хандон,
Ҳарифонро ҳарифи оби дандон.
1 Тафсилоти ин мабҳас дар «Зеби сухан», ҷ. 1, Бахши чаҳордаҳум (тақсими саноати бадеӣ) мавҷуд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё