Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Гуфтай дар ғами ҳаҷрам накунад нола Камол,
Дар сари кӯи ту дӯш он ҳама афғони кӣ буд?
Дар ин ғазали Барандук радифи «мондан» ба қофияи ҳар байт таркиб ёфта, ба мазмуни байт тобеъ шудааст. Дар айни ҳол аз ин ғазали мусалсалтар ҳеҷ байтеро бардоред, устухонбандии ғазал халал намепазирад:
Лаби ширини ту бо тунғи шакар мемонад,
Дури дандони ту бо иқди гуҳар мемонад.
Қанд бо он ҳама даъвии латофат, кӯрост,
Як ҳадис ар шунавад, пеши ту сар мемонад.
Гар ба дӯстӣ бихиромӣ, паи хори руҳат
Гули хандон ба даҳан хурдаи зар мемонад.
Бодро дар шикани зулфи мусалсал магузор,
Ки сақим асту дар он роҳгузар мемонад,
Ёдгор ар бигузоранд касон дар олам,
Аз Барандук, сухани фазлу ҳунар мемонад.
Мисоли ин гуна ғазалҳо дар осори устодон бисёр аст.
Дар бораи ғазалҳое, ки мазмуни мусалсал надоранд ва ё як мавзӯъро дар бар намегиранд ва байтҳо ба сари худ дорои мазмуни мустақиланд, мунаққидони машҳури Шарқ бисёр изҳори ақида кардаанд ва хусусияти адабиёти классикии форсу тоҷикро як фазилати ҷудогона шуморидаанд.
Шиблии Нӯъмонӣ дар «Шеър-ул-аҷам» дар ин бора мегӯяд: «Ғарб бо латофати адабиёти худ мубохот дорад, вале ҳеҷ гоҳе шоире наметавонад резиши фикрӣ ва илҳоми хаёлиро дар қолаби камтар аз се-чаҳор байт баён намояд. Ва ҳол он ки шоирони форсизабон на фақат маъниву мазмунҳои хурд-хурд, балки маъниву мазмунҳои умда ва васеъро дар қолаби як байт адо мекунанд ва зуд вирди забони олиму омӣ мегардад» («Шеър-ул-аҷам», ҷ. 1, саҳ. 245).
Дар поён барои намуна аз якчанд саромади сухан чанд матлаи ғазалро ба байте нақл мекунем:
Аз Саъдӣ:
Бахти ёвоӣ дорад, он ки бо ту қарин аст,
Пир нагардад, ки дар биҳишти барин аст.
Гар ҳама олам зи лавҳи фикр бишӯянд,
Ишқ нахоҳад шудан, ки нақши нигин аст.
Аз Ҳофиз:
Ба сари онам, ки тар зи даст барояд,
Даст ба коре занам, ки ғусса сарояд.
Бар дари арбоби бемуруввати дунё
Чанд нишинӣ, ки Хоҷа кай барояд.
Мо нагӯем баду майл ба аҳмак накунем,
Ҷомаи кас сияҳу дилки худ азрак накунем.
Осмон киштии арбоби сухан мешиканад,
Такя он беҳ, ки бар ин баҳри муаллақ накунем.
1 Маҳмуди Ҳуман дар асари худ «Ҳофиз чӣ мегӯяд?» дар ин бора изҳори ақида менамояд: «Дар ҳар як аз ғазалҳои Ҳофиз бештари абёт зоҳиран ба якдигар марбут нестанд ва пай бурдан ба андешаҳои аслии Ҳофиз дар ҳар як аз ғазалҳои ӯ душвор аст» (Ҳамон асар саҳ. 89).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо