Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Ки фаришта рӯ надорад ба макони одамият,
Агар ин дарандахӯй зи табиатат бимирад,
Ҳама умр зинда бошӣ ба равони одамият.
Таярони мург дидӣ ту зи пойбанди шаҳват
Бадар, ой, то бубинӣ таярони одамият.
Ба насиҳат одамӣ шав, на ба хештан, ки Саъдӣ
Ҳама аз одамӣ шунидаст байни одамият.

Хусрави Деҳлавӣ дар ин ғазал то охир ба воситаи пайки сабо аз ҷонон ва аҳволи он холпурсӣ мекунад ва суханони зиёдатӣ гуфта наранҷонидани хотири нозуки ёрашро таъкид менамояд:

Эй сабо, соф ба ман гӯй, ки ҷонон чун аст?
Он гули тозаву он ғунчаи хандон чун аст?
Бо кӣ май мехӯрад он золиму дар май хӯрда
Он рухи пурлаҷаму он зулфи парешон чун аст?
Рӯву зулфи бути айёр — он ҳар ду хушанд,
Дили девонаи ман паҳлуи онон чун аст?
Рӯзҳо шуд, ки дилам рафту бар он зулф бимонд,
Ё раб, он Юсуфи гумгашта ба Канъон чун аст?
Кам ба ҷонон зи каму беши сухан беш магӯй,
Гӯ ҳамин як сухани рост, ки ҷонон чун аст?

Ҳофиз дар ин ғазал ба насими саодат супориш медиҳад, ки чӣ гуна ва чиҳоро ба ёдаш, ба тавре ки медонад, бояд расонад:

Насими субҳи саодат, бад-он нишон, ки ту донӣ,
Хабар ба кӯи фалонӣ бибар бад-он замон, ки ту донӣ,
Ту пайки хилвати розӣ, ду дила бар сари роҳ,
Ба мардумӣ, на ба фармон, чунон расон, ки ту донӣ,
Бигӯ, ки ҷони азизам зи даст рафту худоро,
Зи лаъли рӯҳфизоят чунон расон, ки ту донӣ.
Ман ин ду ҳарф навиштам, чунон ки ғайр надонист,
Ту ҳам зи рӯи каромат чунин бихон, ки ту донӣ,
Хаёли теги ту бо умеди ташналаб аст,
Асири хеш гирифтӣ, чунон бихон1, ки ту донӣ.
Умед дар камари зарқашат чӣ гуна набандам,
Дақиқаест, нигоро, дар ин миён, ки ту донӣ.
Якест туркию тозӣ дар ин муомила, Ҳофиз,
Ҳадиси ишқ баён кун ба ҳар забон, ки ту донӣ.

Аз Камоли Хуҷандӣ:

Ё раб, он мӯниси ҷон дӯш ба меҳмони кӣ буд?
В-он ҷигаргӯшан дил то намаки хони кӣ буд?
Чун Ҳилол шуд зи назар ғоибу маълум нашуд,
Ки ба торикии шаб чашмаи ҳайвони кӣ буд?
Он лаби лаъл, к-аз ӯ монд даҳони ҳама боз,
Боз пурсед, худоро, ки ба дандони кӣ буд?
Сари мо буду дари ӯ ҳама шаб то дами субҳ,
То худ ӯ шамъи сарои киву айвони кӣ буд?
Сӯхтам аз ғаму равшан нашуд ин нукта ҳанӯз,
Ки шаб он шамъи шакарлаб ба шабистони кӣ буд?
Аз дили хаста чӣ пурсӣ, ки ки озурд туро?
Ғамзаро пурс, ки он захм зи пайкони кӣ буд?

1 Нусха — бидон.

пешина
аз 303
навбатӣ