Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Аз Камоли Хуҷандӣ:
Дӯстон, марҳамате бар дили овораи ман,
Ки бирафт аз бари ман ёри ситамгораи ман.
Дил ниҳодам мани бечора ба дарди дили реш,
Чӣ кунам бо ғами ту, нест ҷуз ин чораи ман.
Дар қисми аввал дар шарҳи қофияҳои маъюб ва шойгон қайд ёфтааст, ки бояд қофияҳо мансуб ба як категорияи нутқ бошанд. Вале ин дар маснавиёт кам риоя шудааст. Барои мисол чанд байт аз «Бӯстон»-и Саъдӣ зикр мекунем:
Яке нонхӯриш ҷуз пиёзе надошт,
Чу дигар касон баргу созе надошт,
Парокандае гуфташ: Эй хоксор,
Бирав, табхе аз хони яғмо биёр...
Камар басту чобук навардид даст,
Кабояш дариданду дасташ шикаст.
Шунидам, ки мегуфту хуш мегирист,
Ки: эй нафс, худкардаро чора чист?
Балоҷӯй бошад гирифтори оз,
Ману хона минбаъд, нону пиёз,
Ҷавине, ки аз саъйи бозу хӯрам,
Беҳ аз майда бар хони аҳли карам.
Дар ин порча дар байти дуввум хоксор (сифат), биёр (феъл), дар байти сеюм даст (исм), шикаст (феъл), дар байти чорум мегирист (феъл), чист (ҷонишин) ва дар байти шашум хӯрам (феъл), карам (исм) қофия шудааст.
Дар ҳақиқат, қофияҳо ҳамҷинс набошанд ҳам, шеър дар камоли балоғати маъноӣ ва фасоҳати шакл воқеъ шуда, ба хонанда завқи бадеӣ ва олӣ талқин менамояд. Аксари порчаҳои «Бӯстон» бо қофияҳои шойгони беноҳунак мисли оби равон хуш ва мулоим ҳосил шудаанд.
Аз ин мисол маълум мешавад, ки дар маснавӣ ҳамҷинс будани қофияҳо шарт нест. Барои назми сухан бояд шоир дар пайи қофияҷӯӣ наравад, балки қофия дар ҳини ҷараёни сухан ба таври табиӣ рост ояд. Аз ҷумла, ин манзума (маснавӣ)-и Саъдиро хонед, қофияҳо чӣ тавр табиӣ воқеъ шудаанд ва ҳол он ки қофияҳо аз як категорияи нутқ нестанд:
Пирмарде зариф дар Бағдод
Духтарашро ба кафшдӯзе дод...
Мардаки сангдил чунон бигазид
Лаби духтар, ки хун бичакид.
Бомдодон падар чунон дидаш,
Пеши домод рафту пурсидаш,
К-эй фурӯмоя ин чӣ дандон аст?
Чанд ҳоли лабаш наанбон аст?
Ба мазоқат нагуфтам ин гуфтор,
Ҳазл бигзору ҷид аз ӯ бардор!
Хӯй бад дар табиате, ки нишаст,
Наравад ҷуз ба вақти марг аз даст.
Аз тарафи дигар, барои зебоӣ ва ҳунарнамоӣ дар қофиябандӣ маҳорат, малака ва қувваи хаёлии амиқ лозим аст.
Ин баҳсро бо ин байти Ҷалолиддини Румӣ хатм мекунем:
Қофия андешаму дидори ман
Гӯядам: мандеш ҷуз дидори ман.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо