Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Ҳар чи мезони калимот (садонок ва ҳамсадоҳои муштарак) бештар бошад, эҳсоси мусиқӣ зиёд мешавад ва дар натиҷа эҳсоси лаззат ҳам бештар мегардад.
Барои мисол ин ду ғазалро, ки яке аз Камоли Исмоили Исфаҳоний ва дуввумӣ аз Ҳофиз аст, ба таври муқоиса ин ҷо нақл мекунем. Аз рӯи гуфти Ҳофиз байти тазминшуда мансуб ба Камоли Исфаҳонист. Вале ба қавли муаллиф, ин байт аз Масъуди Саъди Салмон аст, Ҳофиз ва Камол онро тазмин кардаанд.
Ғазали Ҳофиз:
Соқиё, биё, ки аз мадади бахти корсоз Коме, ки хостам зи Худо, шуд муяссарам.
Ман ҷуръатӯши базми ту будам ҳазор сол, Кай тарқи обхӯрд кунад табъи ҳӯтарам?...
В-ар боварат намешавад аз банди ин ҳадис, Аз гуфтан Камол далеле биёварам:
«Гар барканам дил аз туву бардорам аз ту меҳр Ин меҳр бар кӣ афканам, ин дил куҷо барам?...»
Аз Камоли Исмоил:
Ҷонро чу нест васли ту ҳосил, куҷо барам,
Дилро, ки шуд зи васли ту ғофил, куҷо барам?
Реги равону тирашабу абри тундбод,
Ман чашмдарду роҳ ба манзил куҷо барам?
Гирам, ки орзуи дилам ҷумла ҳосил аст,
Акнун чу нест рӯи ту, ҳосил куҷо барам?
Гуфтанд, баргирифт фалак дил зи меҳри ту,
Ман дозарин мардуми ҷоҳил куҷо барам?
«Гар барканам дил аз туву бардорам аз ту меҳр,
Ин меҳр бар кӣ афканам, ин дил куҷо барам?...»
Муаллиф мегӯяд, ки ҳар ду байт бе ҳеҷ каму кост якест. Аммо вақте ки як бор аз ғазали Ҳофиз сар кунем ва бар он байт бирасем ва бори дигар аз аввали ғазали Камол сар кунем ва бар он байт бирасем, бе ҳеҷ гумон лаззате, ки аз хондани байти мазкур дар ғазали Камол мебарем, чандин бор бештар аз лаззате хоҳад буд, ки аз хондани он байт дар ғазали Ҳофиз ба мо рӯй додааст. Ин ҳолат аз фузунии қанони қофия ва радиф пеш омадааст, ки дар ғазали Камол риоя шудааст ва дар ғазали Ҳофиз нисбатан кам аст. («Сухан», № 2).
Ба фикри мо, ин лаззате, ки аз қофияву радиф ҳосил шудааст, қисман аз мазмуни мусалсали ғазали Камол пеш омадааст. Хусусан дар ғазали Камол байти:
Гуфтанд: баргирифт фалак дил зи меҳри ту,
Ман дозарин мардуми ҷоҳил куҷо барам?
Мазмуни байти тазминшударо тақвият менамояд.
Бояд қофияҳои пешина барои лаззат бурдан аз мусиқии қофияҳои баъдина тайёрии бештаре фароҳам намеоянд. Ин тайёриро набояд бо такрори пай дар пай қофияҳо ба ҳам омехт. Зеро такрор аз ҳадди муайян, ки гузашт, гӯш эҳсоси лаззат намекунад, балки баръакс эҳсоси нафрат хоҳад кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо