Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
ҳунармандиҳо нишон додааст. Аз ҷумла, дар қитъаи зерин мисраи сонии байти охирин таркиби қофия ва радифи дорои иҳоми нозуке мебошад. Ин ҳолат дар таркибҳои қофия ва радифҳои аввалин дида намешавад:
Хостам аз ходими матбах ҳисоб,
Барра кушту бари сепоя бурд.
Пайкаҷро Хоҷаи Сакко гирифт,
Гурдашро гандипири доя бурд.
Гуфтааш:
— Дилро куҷо кардӣ, ки нест?
Гуфт:
— Дилро духтари ҳамсоя бурд.
Феъли буридан дар охирин мисраи порчаи зерин чун қофия омадааст, ки маънои диққатрабое дорад:
Додӣ, ки чист давлат? Дилбори ёр дидан,
Дар кӯи ӯ гадои бар хусравӣ гузидан.
Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин
Аз дӯстони ҷонӣ мушкил бувад буридан.
Калимаи буридан дар мисраи аввали байти охир ҳам омада-аст, аммо ба ҳангоми хондан на гӯш ва на чашм диққат намекунад, вале вақте ки қофия қарор гирифт, тамоми диққати моро аз назари савтӣ ва зотӣ, ҳатто қатъи назар аз маънӣ ба худ ҷалб мекунад («Сухан», № 4).
Дар қисмати аввал ба таври интиқод гуфта шуда буд, ки саромадони мо дар ғазал қофияро асос қарор медиҳанд, мазмукро тобеи қофия мегардонанд ва баъзе аз аҳли назария ҳамчун Шамси Қайси Розӣ сахт побанди қофия мебошанд. Бо ҳамаи ин дар байни ғазалнёти устодони ғазалсаро бисёр ғазалҳое низ дучор мешаванд, ки ба таври табиӣ воқеъ гардида ва ё маъмуни мусалсал дорад. Дар ин гуна мавқеъҳо қофия тобеи маъмуни умумӣ шудааст. Ин ҳолат ба маҳорат ва иродаи қофиябандон вобаста аст. Аз ҷумла, дар як ғазали Саъдӣ, ки матлааш:
Эй лӯъбати ландои, лаби лаълат кӣ макидааст?
В-аз боғи латофат гули рӯи ту кӣ чидааст?
мебошад, шоир то мақтаъ аз бевафоии ёраш гила мекунад ва сахт дар зери сарзанишу таъна мегирад. Инчунин Саъдӣ ғазале ба бузургвории инсон дорад, ки мазмун то охир аз ҳам канда нашуда, мутаммими ҳамдигар аст:
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият.
Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,
Чӣ миёни нақши девор у миёни одамият?
Хӯру хобу хашуму шаҳват шакаб асту ҷаҳлу зулмат,
Ҳайвон хабар надорад зи нишони одамият.
Ба ҳақиқат одамӣ бош вагарна мург донам,
Ки ҳамин сухан бигӯяд ба забони одамият.
Магар одамӣ набудӣ, ки асири дев мондӣ,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо