Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

ба навъе ва баъзеро ба навъи дигар сурудан лозим меояд. Масалан, ҳамоса ва ғазалро ба як оҳанг сурудан нашуад.

Аз тарафи дигар, гоҳе дида мешавад, ки як ҳаворо агар бо ду олоти гуногуни мусиқӣ навозанд, ду ҳаво аз хусуси овоз аз якдигар фарқ доранд. Ин хусусиятро дар шеър қофия ӯҳдадор аст. Аз ин рӯ, қофия дар ҳақиқат ба манзилаи дастгоҳи падидоварандаи овоз аст. Зеро агар ду ғазал ё ду қасидаеро, ки дар як вазн ва як мавзӯъ, аммо бо ду қофияи гуногун суруда шудааст, хонем, таъсири ин шеърҳо аз якдигар тафовут дорад ва ин аз ихтилофи қофияҳо пеш омадааст, аз рӯи мусиқӣ ҳар кадом оҳанги махсусеро дорост. Масалан, шеърҳои зерини Ҳофизро, ки ҳар се дар як вазнанд, аз назар гузаронем:

Ё раб ин навгули хандон, ки супурдӣ ба манаш,
Месупорам ба ту аз чашми ҳасуди чаманаш.
Гарчи аз кӯи вафо гашт ба сад марҳила дур,
Дур бод офати даври фалак аз ҷону танаш.

Ман кӣ бошам, ки бар он хотири отӣ гузарам,
Лутфҳо мекунӣ, эй хоки дарат тоҷи сарам.
Ҳимматам бадракаи роҳ кун, эй тоири кудс,
Ки дароз аст раҳи мақсаду ман навсафарам.

Эй дил, он дам, ки хароб аз маи гулгун бошӣ,
Бо зару ганҷ ба сад ҳиммати Қорун бошӣ,
Дар мақоме, ки садорат ба фақирон бахшанд,
Чашм дорам, ки ба чоҳ аз ҳама афзун бошӣ.

Аз ин шеърҳо оҳанге эҳсос мекунем, ки аз ҳамдигар фарқ доранд. Зеро дастгоҳи падидоварандаи овоз дар ҳар кадом ҳарфе махсус аст, ки нағмаи (ҳавои) ба худ хосе дорад. Дар ғазали нахустин қофияҳо (беҳтараш радифҳо), ки бо ш тамошо шудааст, аз ғазали дуюм, ки бо м тамошо шудааст, тафовут дорад; дар м кашиши овоз якбора бурида мегардад. Вале дар ш бурида шавад ҳам, монандӣ бо м нест. Дар ш овоз дар сурати нармтаре паҳш ва тамомом мегардад.

Дар шеъри сеюмӣ, ки радиф бо й тамошо мешавад, кашиши садонок муддати бештаре идома ёфта ва нисбат ба ду шеъри аввала комилан тафовут дорад. Бинобар ин, шоири ҳунарманд бо иваз кардани қофия якнавохтии вазнро тағйир медиҳад.

Нактаи дигаре, ки дар боби ҷанбаи мусиқии қофия бояд хотиррасон кунем, ин аст: одатан дар гуфтугӯи маъмулӣ ва наср ба оҳанги калимот аҳамият намедиҳем, зеҳн фақат ба маъне диққат мекунад. Вале дар шеър бо вуҷуди аз маъне бехабар набудан аз оҳанги калимот низ лаззат мебарем ва ин лаззат бештар дар баргаштани қофияҳост. Дар ҳақиқат, гӯш ба воситаи қофияҳо ба ҳаракат медарояд ва эҳсоси лаззат менамояд ва бо омадани ҳамсадоҳо ва садонокҳои мухталиф як навъ лаззат ва хушнудӣ эҳсос мешавад.

Дар миёни шоирони гузаштаи форсу тоҷик шоире, ки пеш

пешина
аз 303
навбатӣ