Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
аз ҳама мусиқии шеър ва робитаи байни ин ду — мусиқиву қофияро дарк кардааст, ҳамоно Ҷалолиддини Румӣ мебошад.
Чунон ки мебинем, дар девони Шамс (Девони кабир) ҳамаи ғазалҳо ҷанбаи хоси мусиқӣ доранд ва маълум мешавад, ки Мавлоно хеле бо мусиқии шеър дилбастагӣ доштааст ва ҳамин майлу рағбати боис шудааст, ки ба қофия низ беш аз дигарон майлу ҳавас нишон диҳад. Ин байти Мавлоно шоҳиди ин даъвост:
Қофия андешаму дилдори ман
Ғӯяндам: мандеш ҷуз дидори ман.
Бо хондани ин девон ҳар кас эҳсос хоҳад кард, ки Мавлоно бештар аз тамоми шоирон ба нақши мусиқавии қофияҳо майлу рағбат доштааст. Ӯ илова бар ин ба қофияҳои дохилӣ (миёни мисраъҳо) низ диққат кардааст. Инак ғазаеро барои мисол ин ҷо зикр менамоем. (мухтасаран):
Ёр маро, ғор маро, ишқи ҷигарҳор маро,
Ёр туй, ғор туй, хоҷа, нигаҳдор маро.
Ҳуҷраи хуршед туй, хонаи Ноҳид туй,
Равзаи уммед туй, роҳ деҳ, эй ёр, маро.
Рӯз туй, рӯза туй, ҳосили дарюза туй,
Об туй, кӯза туй, об деҳ, эй ёр, маро.
Дона тӯйи, дом туй, бода туй, ҷом туй,
Пухта туй, хом туй, хом бимағзор маро.
Вай ғайр аз ин қофияҳои дохилӣ ба навъе аз қофияҳои муаккад ё таъкидӣ низ машғул мешудааст, ки ин кор ҳам аз майлу ҳаваси бисёри ӯ нисбат ба мусиқӣ мебошад.
Соқӣ, бинӯш он ҷоми най, ярле-яле, ярле-яле,
Мутриб бигӯ б-овози най, ярле-яле, ярле-яле.
Боди сабо бархоста, рӯи замин ороста,
Булбул чаман пероста, ярле-яле, ярле-яле.
Нав-нав арӯсони чаман чун варду райҳону суман
Бинвохта дар тан-танан, ярле-яле, ярле-яле...
Дар ин ғазал, ки мухтасаран нақл шуд, ҳам қофияҳои дохилӣ — мусаҷҷаъ, ҳам таъкидӣ риоя шудааст.
Сабаби ин майлу ҳаваси аҷиби Мавлоно ба қофия ин аст, ки шеърашро бо зарб менавохтанд ва дар ин ҳол шеър табъан тақсим мешавад ва ба худ қофияи дохилӣ мегирад.
Баъзе аз мунаққидон ва муҳаққиқони ғарбӣ кӯшидаанд, ки шеърро гунае аз мусиқӣ шуморанд.
Агар вазиро чунин таъриф кунем, ки баъзе гуфтаанд: «Вазн як навъ интизоме мебошад, ки дар як таволӣ, яъне паси ҳам қарор гирифтааст», хоҳем дид, ки қофия худ навъе аз вазн аст. Бояд диққат ба кор барем, ки айбҳое (нуқсонҳое), ки арӯзиён ва уламои адаб дар қофия санҷидаанд, ҳама роҷеъ ба мусиқӣ мебошад. Зеро он нуқсонҳои қофия боиси изтироб (ҳалал ва парешонӣ) дар нағма (тараннум) мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо