Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Аммо онҳо ҳаргиз изҳор надоштаанд, ки қофия дар шеър чӣ аҳамият ва мақоме дорад ва ҷои ба кор рафтани он куҷост?

Дар Ғарб баръакс қофия монанди бисёр дигар унсурҳои моддӣ ва шакли шеър назари мунаққидони адаб ва шоиронро ба худ кашидааст ва ҳар кас дар ҳадди муайян аз сирри пайвастани шеър, қофия ва мақоми он дар эҷоди зебоии шеър сухан гуфтаанд».

Шафеи Кадканӣ зебой ва таъсири қофияро ба таври зер тасниф мекунад:

  1. Таъсири мусиқавӣ медиҳад.
  2. Ташаххуси лафзии қофия дар шеър.
  3. Лаззате, ки аз раҳонидани як интиво ба вуҷуд меояд.
  4. Танаввуъ дар айни ваҳдат (зебоии маънавӣ).
  5. Фароҳам овардан ва таҷаммуи эҳсоси шоир ва назм додан ба фикр.
  6. Истеҳкоми шеър.
  7. Кӯмак ба ҳофиза ва суръати интиқол ба қисматҳои мухталифи як шеър.
  8. Илкои мафҳум аз тариқи оҳангҳои калимот.
  9. Эҷоди ваҳдати шакл дар шеър 10. Чудо кардан ва ташаххуси мисраъҳо 11. Кӯмак ба тадонии маъонӣ.
  10. Таваҷҷӯҳ додан ба зебоии калимаҳо.
  11. Таносуб ва қаринасозӣ («Сухан», № 3)

Аз ин 13 модда 3 моддаро, ки ба фаҳми донишҷӯён ва ҳавасмандони мо наздик аст, мухтасаран ба забони тоҷикӣ нақл ва баъзе мисолҳоро иваз ва ё илова намудем.

  1. Қисмати аввал иборат аз таъсири мусиқавии қофия аст. Асосан овоз дорои чаҳор хусусият аст, ки мусиқию шеър дар он муштараканд:
    а) шиддат: ҳар қадар, ки қувваи ларзиш (иртиош) бештар бошад, овоз ҳамон қадар зӯртар ҳосил мешавад ва сабаби дуртар кашида шудани овоз мегардад.
    б) имтидод: муддате, ки дар он ларзиши овоз идома дорад.
    в) Зеру бам ё баланд бардошта шудани овозест, ки ба адади ларзиш вобаста аст, ҳар қадар адади ларзиш бештар бошад, овоз зертар ва ҳар қадар камтар бошад, овоз бамтар (баландтар) мебошад.
    г) занг ва танин: ҳосили ларзишҳои фаръист ва вобастагӣ ба дастгоҳи падидоварандаи овоз (қофия) мебошад.

ЯК қисмат аз ихтилофи мусиқавии шеър ба баҳсҳои арӯзии он вобастагӣ дорад, зеро ҳаракатҳо ва сукунҳо, масалан, дар мутафоилун бештар аз мустафъилун ва тавил аз назари афоил дарозтар аст ва ин гуногунӣ аз назари мусиқавии шеър ба гӯш хеле таъсирбахш аст. Масалан, дуруштӣ ва мулоимӣ дар шеър ба тавассути ҳарфҳо ва калимаҳо санҷида ва эҳсос мешавад.

Аз тарафи зери бам ҳам гуфтан мумкин аст, ки баъзе шеърхоро

пешина
аз 303
навбатӣ