Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Баъзе аз шоирон ва адабиётшиносон ба роҳи ифрот рафта, қофияро рукни асосии шеър мефаҳманд ва мазмуни ҳар як бай-ти ғазал ва қасидаро аз рӯи талаби қофияшаванда дуруст ме-кунанд.
«Дар шеъри қадимӣ ин ақида ба ҳадде муАССИР буд, ки ҳа-ма чизро фаромӯш мекарданд ва аз тамоми ваҳдат (ягонагӣ), ки дар сохтмони шеър лозим аст, чашм мепӯшиданд ва танҳо ваҳдати шаклро, ки зодаи қофияҳост, басанда мешумориданд. Ин хусусияти аз ҳад зиёд қофияпарастӣ аз араб ба мо ба тав-ри мерос омада, хусусияти табиии муҳити зиндагонии арабист» (Шафеи Кадканӣ. Дар бораи қофия «Сухан», давраи 16, № 4).
Инчунин баъзеҳо баръакс ба роҳи тафрит рафта, қофияро лозим намедонанд ва чунин ақида доранд, ки қофия баъзан мо-неи ҷараёни илҳоми шеърӣ мегардад. Ин гурӯҳ аз ҳунар ва зе-боии аслии қофияи ашъори классикӣ ва устодони аср бехабар мебошанд.
Дар ин хусус дар поён изҳори мулоҳиза мекунем.
Қофия дар шеър баъд аз вазн аз унсурҳои аз ҳам ҷудона-шавандаи шеър ва сарҳади муайяне дар миёни мисраъ ва байт-ҳо буда, ҷанбаи мусиқӣ ва зебоӣ дорад.
Қофия, ба қавли Маяковский, «банду басти шеър аст». Ин гуфта бисёр дақиқ ва қобили мулоҳиза мебошад. Маяковский мегӯяд: «Ман ҳамеша луғати барҷастаи ба назар намоёнро ҷойгир мекунам ва ба ҳар заҳмат шакл ва тартибе ки бошад, қофияе бароиш пайдо мекунам. Натиҷа ин мешавад, ки қофия-ҳои ман ҳамеша ғайримаъмуланд».
Нимо Юшич қофияро бо ташбеҳи баландтаре боло мебар-дорад: «Шеъри беқофия одами беустухон аст» (истеҳкоми шеър, «Сухан», № 3).
Дар шароити мо дар мавриди қофия ва аҳамияти он дар шеър то ҳол бояду шояд чизе гуфта нашудааст ва ҳар чӣ гуф-та шудааст, аз пайравии тарзи кори пешинагон иборат асту бас.
Аксари шоирони гузаштаи мо қофияро як ҷузъи ҷудоинопазири шеър қарор додаанд ва адабиётшиносон танҳо дар хусуси таъсис, дахил, ридф, қайд, мазид, ҳазав, ноира ва монандӣ нигоҳ кардаанд бас.
Шафеии Кадканӣ мегӯяд: «Оё дар як шеър басанда аст, ки як қофияро паси ҳам қарор диҳем ва мазмунҳои аз якдигар дурро ба он байтҳо бандем. Он гоҳ ин мазмунҳои ҷудогонаи аз ҳам кандаро ба занҷири қофияҳо ба якдигар пайванд диҳем?»
1 Дар хати арабӣ аломати — забар ном дошта, мусовӣ ба садоноки а мебошад. Инчунин аломати — зер номида шуда, мусовӣ ба и — и кӯтоҳ мебошад. Аломати — пеш ном дошта бо у — и кӯтоҳ мӯсоввет. Ин се аломат ҳаракат ва ҳар як ҳамсадое, ки бо яке аз ин се ҳаракат талаффуз мегардад, мутаҳаррик ном дорад. Инчунин як ва ё ду ҳамсадо, ки бидуни ин се ҳаракат талаффуз мегардад, сокин номида мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо