Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо?
Бубини тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо?
(Ҳофиз).
Дӯш бо худ тарона мегуфтам,
Ғазали ошиқона мегуфтам.
Агар аз сар гузашт оби ду чашм,
Ба кас ин моҷаро намегуфтам.
(Камол).
Яъне гоҳе қофияи мисраи сонияро ба ду ҳисса ҷудо кардаанд: як ҳисса барои қофия ва ҳиссаи дигаре ба радифшаванда ҳамроҳ мешавад. Ин гуна қофия ва радифсозӣ бо оҳанг дуруст шавад ҳам, дар навишт хилофи қоида ҳисоб меёбад. Вале ин як навъ маҳоратест дар назди устодони адаб ва ҳар як шоир аз уҳдаи он баромада наметавонад.
Ёдоварӣ: Аз ин қофияҳои маъюб ва шойгон, ки дар боло зикр ёфт, мисолҳои рақами 5, 6, 7, 8 на аз рӯи вазну оҳанг ва на аз ҷиҳати сохту устухонбандии шаклӣ ва барҷастагии маънӣ ягон каму косте надорад. Ин шойгонкашии қофия маҳз аз роҳи анъана ва шаклпарастӣ пеш омадаасту бас. Вале қофияҳои маъюб саломату равонии шеърро ҳангоми хондан халалдор мегардонанд.
Аз ин рӯ, дар қисми ду дар хусуси ҳунар ва зебоиҳои қофия сухан меронеҳ. Бояд ҷавоншоирон на ба он қофияпарастии ғайри мӯътадили пешина ва на ба нимқофияҳои имрӯзан нокис тақлид ва пайравӣ намоянд. Диққатро ба он равона бова табиӣ тазоҳур намояд. То мусиқии салосати шеър аз он афзун гашта, ҷозибадор воқеъ шавад.
II. ЗЕБОИҲОИ ҚОФИЯ
Мо дар қисмати аввал дар бораи маънои аслӣ, маҷозӣ ва нуқсонҳои қофияи анъанавӣ (суннатӣ), ки ба тоҷикӣ як қисми идаҳои асосии маъмулӣ таваккуф накардем, зеро он қоидаҳо печ дар печ, муғлак буда, дар айни ҳол дар асоси хатти арабӣ сохта шуда ва ҳар кадом исмҳои ҷудогонаи арабӣ дорад.
Ҳарфи охири қофия равӣ ном дорад, ки асоси марказии қофия буда, ҳарфҳои дигар аз пеш ва ё охир ба он қарор мегиранд.
Чаҳор ҳарфе, ки аз пеши ҳарфи равӣ мепайвандад, таъсис, дахил, ридф, қайд, инчунин чаҳор ҳарфе, ки аз паси ҳарфи равӣ ҳамроҳ мешаванд, васл, хуруҷ, мазид, ноира ном дорад...
Ин нӯҳ ҳарф шаш ҳаракат дорад, ки инҳоянд: рас(с), ишбоъ, ҳазв, тавзеҳ, маҷро ва нафоз...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо