Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

V. Истеъмоли об ва гулоб дар як байт мумкин аст ва ин тарзи қофиябанди итои хафӣ номида мешавад.

Эй гули рухсори ту бурд зи рӯи гул об,
Сӯҳбати гулзорҳо кард ба бӯят гулоб.

VI. Гоҳе ҳарфи равӣ бо садоноке ба сари бандакҷонишини ем, ед, анд ва ё суффикси ҷамъбандии он мепайвандад, ки ин гуна қофияро қофиясанҷони қадим қофияи шойгон ҳисоб кардаанд. Бояд аз рӯи қоида равӣ сокин1 бошад, на мутаҳаррик. Ваҳиди Табрезӣ қофияи шойгонро дар «Ҷамъи мухтасар» чунин эзоҳ додааст: «Маънии шойгон дар луғат ҷамъ овардан аст ва дар истилоҳ ду ҳарфи сокин мебошад, ки маънии ҷамъро ифода мекунад ва он аз паи равӣ меояду мутаҳаррик мешавад ва шойгонро равӣ сохтан нашояд».
Ҳофиз, Камол ва дигар устодон инро раво дониста, фаровон истеъмол кардаанд:

Шоҳи шамшодкадой, хусрави шириндаҳанон,
Ки ба мижгон шиканад қалби ҳама сафшиканон.
(Ҳофиз).

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.
(Ҳофиз).

Ғуломи наргиси масти ту то дароранд,
Хароби бодаи лаъли ту ҳушрёнанд.
(Ҳофиз).

VII. Мисоле ба қофияҳои маъюби ғайримулаққаба (бе-нсм) меорем:

Дил шишаву чашмони ту ҳар сӯ барандаш,
Мастанду мабодо, ки зи шӯхӣ шиканандаш.
(Бисотӣ).

Дар ин шеъри боло феъл ҳамшакл нест. Бояд феъли барандаш бо ягон феъли ҳамшакл чун харандаш ва ё феъли шиканандаш, ба ягон феъли ҳамшакли худ монандӣ биканандаш қофия мешуд.
VIII. Гоҳе қофияҳо ба як категорияи нутқ мансуб нестанд:

Ман аз замона ба васли буте шудам хурсанд,
Фиғон, ки аҳли замон он ҳам аз барам бурданд.

Ин ҷо калимаи хурсанд сифат ва калимаи бурданд феъл аст. Аз ин рӯ, ба ҳам қофия овардани ин ду калима норавост.
IX. Дар ин байтҳои Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ барои риояи қофия ва радиф тасарруфи зебое ба амал омадааст:

1 Ниг. ба ҳошияи саҳ. 7.

пешина
аз 303
навбатӣ