Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Қисми сеюм
ДАР БОРАИ ҚОФИЯ
ҚОФИЯИ МАЪЮБ ВА ШОЙГОН
Муҳаққиқони адаби дарии тоҷикӣ дар хусуси шеър, вазн, хусусан қофия ва мақоми он кам фикру мулоҳизаҳо эрод кардаанд. Аз ҷумла, Низомии Арузии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола» шеърро саноат (ба маънои санъат) мешуморад, на ҳунар ва фан: «шоирӣ санъатест, ки шоир бад-он саноат...» (мақолаи дуюм)
Шамси Қайси Розӣ дар «Ал-Мӯъҷам» шеърро сухане андешида, мавзун ва мураттаб ҳисоб менамояд, ки сахт побанди қофия аст.
Танҳо Насириддини Тӯсӣ дар «Меъёр-ул-ашъор» ва «Асос-ул-иктибос» мегӯяд: «Шеър дар назди омма каломест мукаффо (қофиядор) ва мавзун, дар назари аҳли мантиқ каломест маънавӣ ва мавзун». Ӯ ҳатто агар қофия монеаи ҷараёни илҳоми шоирӣ шавад, онро ба як тараф мемонад. Ӯ аз шеър чашмдори дурахшандагии андеша, хаёл ва оҳанг аст.
Шеър ва истилоҳоти он дар дилу димоғи мардуми тоҷик чунон ҷойгир шудааст, ки ба қатори байту ғазал, рубоӣ, муҳаммас, муаммо, чистон, мустазод (ба қавли халқӣ мустаҳзод), байтубарак ва ғайра қофия ҳам аз гапҳои рӯзмарра шуда мондааст. Махсусан ибораи маҷозии «қофия танг будан» дар лавҳи хотирҳо нақш бастааст. Масалан, дар лаҳҷаҳои зикию тангӣ мегӯяд: қофиям танг, гапи зиёд намефорад, боз қофиябозӣ кардан ва ғайра.
Қофияи танг ё қофия танг будан дар шеър ба силсилаи калимаҳои қофияшавандае, ки каммиқдоранд, нисбат дода мешавад. Масалан, сохтани қофия аз калимаҳои арабии баъд, саъд, раъд, ҷаъд, ё аз калимаҳои тоҷикии: санҷ, панҷ, ранҷ, ганҷ, сипанҷ, ванҷ ва ғайра қофияи танг ҳисоб мешавад. Камол дар бораи қофияи танг мегӯяд.
Бахту саодат занад ба домани ӯ чанг,
Домани он зулф ҳар киро, ки ба ғанг аст,
Дар сухани зулфи ӯ, Камол, чӣ печӣ?
Васфи даҳонаш бикун, ки қофия танг аст.
Айнӣ низ гуфтааст:
Бас қофия танг аст ба Айнӣ, хабари Дӯст1
Аз лутф дар ин қофияи танг биёред.
1 Номи шахс.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо