Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Арӯзиёни классик ба ҷуз Насириддини Тӯсӣ қофияро рукни асосии шеър медонистанд. Баъзеҳо ҳатто мазмунро тобеи қофия қарор медоданд. Аввало калимаҳои қофияшавандаро ба рӯи қоғаз менавиштанд. Инчунин барои ҳар як қофия чандин мазмун фикр карда, яке аз онҳоро, ки ба қофия вобастагии бештаре дорад, интихоб мекарданд. Бинобар ин, шоирро қофиясанҷ ҳам номидаанд. Шамси Қайси Розӣ ва дигарон сараввал интихоби қофияро тавсия кардаанд.
Албатта, роли қофия пас аз вазни калон аст. Қофия ба мусиқии шеър обу ранги тозае мебахшад, вале вазифаи он на ба он дараҷаест, ки ягона пояи асосии шеър ҳисоб ёбад. Қофия фақат ба он дараҷа аҳамият дорад, ки мазмун шаклро таъин кунад ҳам, шакл низ дар навбати худ воситаи ифодаи мазмун ва ба ин маъно фаъол аст.
Дар ғазал байтҳо мазмунан пайҳам нестанд. Мазмуни ҳар байт ба байти дуввум намегузарад, яъне ҳар як байт ба сари худ мустақил аст. Сабаби ин дар он аст, ки қофияҳо шаклан ҳамранг бошанд ҳам, маънан аз ҳамдигар дур мебошанд. Вале бо ҳамаи ин классикони давраҳои пеш, махсусан ҳакими Фирдавсӣ гоҳ ва Ҷалолиддини Румӣ дар маснавии худ роҳро соҳибихтиёр гузоштаанд.
Ба сабаби он ки илми анъанавии қофия печ дар печ ва махсусан барои ҷавоншоирони имрӯз мушкилфаҳм аст, доир ба қофия ва баъзе феълҳои наздикталаффуз, ки қофия мешаванд, каме сӯҳбат мекунем.
Дар ҳақиқат, дар қофиябандӣ, мушкилписандӣ ба кор бурда мешавад. Масалан, қофияҳое мавҷуданд, ки ҳиҷон аввалинашон дар як қолаб ва ҳиҷони дуюмашон пеш аз равӣ (ҳарфи охирини қофия) ба як хел садонок меоянд: қоил, моил, соил, ноил ва ғайра....
Бинобар мушкил будан онро ба қатори санъат ҳисоб карда санъати зӯнот меноманд. Гоҳ ҳамчун санъати зукофиятайи ва қофияҳои пуртакаллуф низ ҳастанд.
Дар қофия ин гуна тангравӣ монеаи ҷараёни ҷӯшу хурӯши илҳоми шоирӣ мегардад. Бинобар ин, ба қатори калимаҳои якқолибан мойлу соил калимаҳои одил, қобил, дил, гил, мутамоил, шамоил ва ғайра низ қофия шудан мегиранд, ки ин гуна қофияҳоро қофияҳои мӯътадил номидан мумкин аст, қофияи ғайримӯътадил (нокис)-ро маъюб ва шойгон 1 номидаанд:
1 Шойгон дар «Ғиёс-ул-луғот» чунки эзоҳ меёбад (мухтасаран ва маъмунан): маънои луғавиаш фароҳ, лоиқ ва саловор ва ҳар чизи беҳтар ва хубро низ мегӯянд, ки лоиқи шоҳ бошад. Дар асл шойгон ба шакли шоҳғон буда, аз касрати истеъмол шакли шойгонро гирифтааст. Ва маънои бисёр, яъне кори бемузд, ки ба ҳукми шоҳ ва ҳоким иҷро мешавад, меояд. Шонре гуфтааст: Мафармой дарвешро шойгон. Навъе аз қофияҳои маъюб шойгон нои дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо