Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
бас. Аммо кайфияти сохти ҳиҷоҳои дароз ва пурра дар ин усул ба назар гирифта нашудааст. Масалан байни рукнҳои фоилун ва фоилон фарқе вуҷуд дорад. Садоноки охирини ҳиҷои фоилун ва фаилот ё фаӯлу фаал ва фаӯлуку мафоил аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Аммо ин тафовутҳои ҷиддии ҳиҷоҳоро на Фитрату Бектош ва на Парвези Хонларӣ ба назар нагирифтаанд. Вале дар тарзи рукнсозии арӯзии гузашта, яъне дар афоилу тафоил ҳам камият ва ҳам кайфияти ҳиҷоҳо баробар ба назар гирифта шудааст.
Дар забони форсию тоҷикӣ 6 навъи ҳиҷо мавҷуд аст, ки 4 қисми он ба камият ва кайфияти рукнҳои арӯзӣ мувофиқ омадааст. Аммо усули муҳаққиқони мазкур танҳо ду навъи ҳиҷоро ифода мекунаду бас. Аз ин рӯ хизмати аркони арӯзӣ бо ҳамаи душвориҳо ва нуқсомоташ хеле калон, дақиқ ва нозук аст.
Вазни ҳиҷо, ба фикри мо, усули ибтидоӣ буда, усули арӯзӣ усули мунтаҳо дараҷаи дақиқ ва баланди камиятӣст. Албатта, арӯз ҳам нуқсомоти бисёре дорад. Вале ба ҳар ҳол афзалияти арӯз нисбат ба камбудиҳояш якчанддараҷа пурӯр аст. «Ваз-ин арӯз, навишта буд А. Фитрат, яке аз бойтарин ва мусиқиноктарини вазнҳои шеърист. Ман дар ҳамин асарам («Арӯз ҳакяда», Т. 3.) ба қадре 80 вазнро гирд оварда тавонистам. Ин низ ҳамаи вазнҳои арӯзӣ нест, боз ҳаст. Ғайр аз ин системаи арӯз ҳамин хел системаест, ки одами вазни арӯзро нағз омӯхтагӣ мувофиқи вазни арӯз вазнҳои навин низ сохта метавонад».
Муайян кардани ҳамаи хусусиятҳои арӯз, сайри таърихии он дар назми форсу тоҷик осон кардани қоидаҳои асосии он вазифаи муҳимест, ки аҳамияти калони илмию амалӣ дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо