Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
1-умин вазни 20-ҳиҷоии вофир (мусаммани солим) — мафо-илатун V — VV — 8 бор дар байте:
Чӣ шуд, санамо, ки сӯи касе ба чашми вафо наменимарӣ,
Зи расми ҷафо намегузарӣ, тариқи вафо намесипарӣ.
(Сайфӣ).
2-юмин вазни 10-ҳиҷоии баҳри вофир (мураббаи солим) — мафоилатун V — VV — 4 бор дар байте:
Бадӣ чӣ кунӣ ба ҷони касе,
Ки ӯ накунад ба ҷони ту бад.
(Насируддини Тӯсӣ).
Э. Баҳри комил
Ин баҳр барои он комил ном гирифтааст, ки чӣ навъе ки дар доира вазъ шудааст, ҳамсин тавр бе тағйир ба кор меравад.
Рукни солимаш мутафоилун аст:
1-умин вазни 20-ҳиҷоии комил (мусаммани солим) — мутафоилун VV — V — 8 бор дар байте:
Ба сапавбари қади дилкаше агар, эй сабо, гузаре кунӣ,
Ба ҳавои ҷони хазини ман дили хастаро хабаре кунӣ.
(Ҷамолиддини Ҳусайн).
Дили орамида ба худ макаш зи фусуни рангу ҳавои гул,
Ситам аст ғунчаи ин чаман мижа во кунад ба садои гул.
(Бедил).
ХОТИМА
Арузи анъанавии форсу тоҷик бо он шакле, ки ҳоло дастраси мо шудааст, душворию муғлақбаёниҳои бешуморе дорад, ва аз худ кардани қонуну қоидаҳои он ба осонӣ даст намедиҳад.
Таърихи аруз бисёр муҳаққиқонеро медонад, ки дар масъалаи соддаву осонфаҳм кардани аруз ҳар кадом тарзу усулҳои наверо пешниҳод кардаанд. Вале мутаассифона, ҳеҷ як аз ин усулҳо ба таври бояду шояд талаботи хонандаи имрӯзаро қонеъ кунонида наметавонад.
Аз ҷумла агар А. Фитрат ҳамчун мизони санҷиши вазни шеър усули доира «бак-бак-бака-бак»-ро гирифта бошад, Н. Бектош — ла-лай-лай-лай, Хонларӣ «тити-тин-тин»-ро қабул кардааст. Вале мизони навин дар рукнҳои арузӣ баробари камният, инчунин кайфияти ҳиҷоҳоро низ бояд ба назар гирад. Усули доираи Фитрат ва усули Бектошу Хонларӣ танҳо тарафи камнияти ҳиҷоҳо — кӯтоҳӣ ва дарозии ҳиҷоҳоро ифода мекунаду

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо