Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
2-юмин вазни 10-ҳиҷоии мадид (мусаддаси арӯз ва зарб маҳзуфи мусаббағ) — фоилоту фоилун файлон — V — V/ — V — /VV — ду бор дар байте:
Тамаъ аз вафои ӯ набарем,
То ғами ҷафои ӯ нахӯрем.
(Ал-мӯҷам)
- Баҳри басит
Басит дар луғат ба маънои густурдашуда, яъне паҳншуда мебошад. Рукни солимаш 4 бор мустафъилун фоилун аст.
1-юмин вазни аслии 14-ҳиҷоии баҳри басит (басити мусаммани солим) — мустафъилун фоилун — — V — / — V — 4 бор:
Чун хору хас рӯзу шаб ошуфтаам дар раҳат,
Бошад ки бар ҳоли ман афтад назар ногаҳат.
(Ҷомӣ).
Эй бо висолат дилам шодон зи даври фалак,
Ҳаҷри ту бар хотирам чун бар ҷароҳат намак.
(Сайфӣ).
2-юмин вазни 12-ҳиҷоии баҳри басит (садру ибтидо — солим ҳашву арӯз ва зарб маҳбуи — ) мустафъилун фоилун — — V — / VV — 4 бор:
Донӣ, чӣ гуфт маро он булбули саҳарӣ:
Ту худ чӣ одамӣ, к-аз ишқ бехабарӣ.
(Саъдӣ).
Уштур ба шеъри араб дар ҳолат асту тараб,
Гар завқ нест туро, кажтабъ ҷонварӣ.
(Саъдӣ).
3-юмин вазни 11-ҳиҷоии баҳри басит (мусаддаси солим) — мустафъилун фоилун мустафъилун — — V — / — V — / — — V —:
Аз мардумон дил нахоҳ, эй саҳтарӣ1
Чун дил бибурди, макун ин доварӣ.
(Ал-мӯҷам).
- Баҳри вофир
Вофир дар луғат ба маънои бисёр аст. Дар ин баҳр ҳиҷоҳои кӯтоҳ бисёранд ва дар ҳар мисраъ 20 ҳиҷо мавҷуд аст. Рукни солимаш мафоилатун мебошад.
1 Саҳтарӣ — марди шӯх ва бебок, ҷавонмарди диловар.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо