Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Ин равия ба воситаи равонӣ, сабукӣ, рақсонӣ, мавзунии калимаҳо, алоқаи мазмун, риояи саҷъ, ҳамоҳангӣ дорои лутфи хосе мебошад.
Намунаи баҳри тавили тазминӣ бар ғазали Ҳофиз (ба таври ихтисор):
«Алло, ё айюҳасқотӣ»,
Ки маҳмурам зи муштоқӣ.
Ба абрӯ дар ҷиҳон тоқӣ,
Ки хуршеде дар офоқӣ,
Шудам маҳви амоли ту,
Манам масти дилолӣ¹ ту,
Асири тори гесӯят,
Шаҳиди чашми ҷодуят,
Дилам савдои мӯят,
Макаш аз ноз абрӯят,
Ки бинам ман гули рӯят,
Чу булбул дар фиғони оям,
Биё дар кулбаам ёрам,
Замоне, орзӯ дорам.
Ба ҳар ду наргиси мастат
Бинӯшам бода аз дастат
Ки ман аз ишқ ранҷурам,
Ба май дерина маҳмурам,
Адир қазъаи вановилҳо»²
«Ки ишқ осон намуд аввал»,
Ба дил дармон намуд аввал,
Зи ошиқ ҷон рабуд охир.
Чу шуд ҳусни рухаш зоҳир,
Шудам бетобу саргардон,
Ки худ гаштам чу майхорон,
Нашуд дарди маро дармон,
Бишуд рӯзам сиёҳ, чун шаб,
Аз он зулфи сиёҳ, ё раб!
Ҷафо беҳад аз ӯ дидам,
Гаҳе кӯят напурсидам,
Паёми васл нашнидам,
Ба зулфат ишқ, варзидам,
«Вале афтод мушкилҳо»!
Ин порча аз баёни «Маҷмуат-уш-шуаро», ки таълифи Абдул-Мӯъминшоҳ буда, дар соли 1347 ҳиҷрӣ дар Когон чоп шудааст, иқтибос шуд.
- Баҳри мадид
Мадид ба маънои кашида буда, ин баҳфро аз баҳри тавил кашидаанд. Рукни солимаш фоилотун фоилун 4 бор аст.
1-умин вазни 14-ҳиҷоии мадид (мусаммани солим — фоилотун, фоилун — V — — / — V — 4 бор.
Эй дили пурдардро лаъли ту дармон шуда,
Хоки поят бандаро чашмаи ҳайвон шуда.
(Ҷомӣ)
¹ Дилол — ишва, нозу адо.
² Огоҳ бош, эй соқии соғареро ба гардиш дарору ба ман деҳ!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо