Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

3-юмин вазни 7-ҳиҷоии мушокил (мураббаи максуфу максур) — фоилоту мафойл — — V — V/V — ~:

Рӯзгор хазон аст,
Боди сард вазон аст.
(Ал-мӯъҷам).

Ин се баҳри охирин — қариб, ҷадид, мушокил асосан эҷодкардаи арӯзиёни аҷам бошад ҳам, бинобар ба завқи форсу тоҷик шинаму форам набуданаш шоирони гузашта ва махсусан, шоирони ҳозиразамон дар ин се вазн шеър нагуфтаанд. Авзони номатбӯъ мебошад.

БАҲРҲОИ ПАНҶГОНАИ МАХСУСИ АРАБ

  1. Баҳри тавил

Яке аз он баҳрҳое, ки махсуси ашъори араб аст, баҳри тавил буда, шоирони форсу тоҷик дар ин баҳр шеър кам гуфтаанд. Зеро ин вазн дар назми тоҷик хушоянду дилкаш намебошад. Аркони солими ин баҳр 4 карат фаӯлун мафойлун дар байте мебошад.

Якумин вазни аслии 14-ҳиҷоии баҳри тавил (мусаммани солим) — фаӯлун мафойлун

V — — / V — — — 4 бор:

Чӣ гӯям, нигорино, ки бо ман чиҳо кардӣ,
Қарорам зи дил бурдӣ, зи сабрам ҷудо кардӣ.
(Салмони Соваҷӣ).

2-юмин вазни 14-ҳиҷоии баҳри тавил (мусаммани арӯз ва зарб — макбуз) фаӯлун мафойлун V — — / V — V — 4 бор:

Яро тайфа ман яғлу би талъатиҳӣ дуҷо,1
Шигифт омад аз бахтам, ки ин давлат аз куҷо.
(Саъдӣ).

Ғайр аз ин баҳри тавили арӯзӣ баҳри тавили дигаре низ ҳаст, ки набояд онҳоро ба ҳам омехт. Ин навъе аз таронаҳои ҳафт ё ҳаштҳиҷоӣ буда, дар ин шакл қасида ҳам сурудаанд.

Як порча аз якчанд банди пораҳои мусаҷҷаъ иборат аст ва бандҳо аз ҳамдигар бо қофияи алоҳидае ҷудо шуда, гӯё ҳар банд баробари мисраи дарозе мебошад. Қофияҳо монандӣ қофияҳои ашъори арӯзӣ бошанд ҳам, аз ҳам дур қарор мегиранд. Аз ин рӯ, ин бо баҳри тавили арӯзӣ муносибате надорад ва ба ягон қоидае такя ҳам намекунад.

1 Яъне: чеҳраи гандумгуни вай шаби торикро равшан мекунад.

пешина
аз 303
навбатӣ