Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

АдабиётШеърМаориф
Аз аввал хондан
  1. Баҳри ҷадид (ғариб)

Ин баҳр баъд аз Халил ибни Аҳмад ва Ахфаш пайдо шудааст. Агарчи рукнҳои аслиаш фоилотун фоилотун мустафъилун аст, бисёртар ба шакли маҳбун — фоилотун фоилотун мафоилун истеъмол мегардад.

1-умин вазни 12-ҳиҷоии баҳри ҷадид (мусаддаси маҳбун) — фоилотун фоилотун мафоилун V V — — / V V — — / V — V —:

Чу қадат гарчи санавбар кашад саре,
Набувад чун қади сарват санавбаре.
(Сайфӣ).

2-юмин вазни 8-ҳиҷоии ҷадид (мураббаъи маҳбун) — фоилотун мафоилун V V — — / V — V — 2 бор дар байте:

Дили ман мечаробарӣ,
Чу ғами ман намехӯрӣ.
(Ал-мӯҷам).

  1. Баҳри мушокил

Бинобар он ки ин баҳр ба баҳри қариб ҳамшакл аст, мушокил ном гирифтааст. Ин баҳрро баҳри охир ҳам мегӯянд. Рукнҳои аслии мушокил фоилотун мафоилун мафоилун ду бор дар байте буда, дар шакли солим истеъмол намеёбад.

Ин баҳр асосан дар шакли мусаддас буда, мутааххирин мусаммани онро низ овардаанд. Аз рӯи гуфти муаллифи «Арӯзи Ҳумоюн» ашъори фаҳлавӣ дар ин вазн бештар аз ашъори дарист.

Зиҳофи фоилотун яктост: 1) макфуф — фоилоту.

Зиҳофи мафоилун дутост: 1) макфуф — мафоилу; 2) максур — мафоил.

1-умин вазни 16-ҳиҷоии мушокил (мусаммани макфуфу максур) — фоилоту мафоилу фоилоту мафоил

— V — V / V — — V / — V — V / V — ~:

Хезу тарфи чаман гир бо ҳарифи суманрӯй,
Гоҳ сунбули тар чину гоҳ моҳи суманбӯй.
(Ҷомӣ).

2-юмин вазни 11-ҳиҷоии баҳри мушокил (мусаддаси макфуфи максур) — ду бор фоилоту мафоилу мафоил — V — V / — — V / V — ~;

Эй нигори сиёҳчашми сиёҳмӯй,
Сарвқадди никӯрӯву никӯгӯй,
(Ал-мӯҷам).

пешина
аз 303
навбатӣ