Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
6-умин вазни 6-ҳиҷоии мутадорик (мураббаи солим) фои-лун — V — 6 бор:
Боғбонро бигӯ,
Чист ин гуфтугӯ,
Беҳудаву абас
Ин ҳама гуфтугӯ.¹
(Пайрав).
СЕ БАҲРИ ЭҶОДКАРДАИ АРУЗИЕНИ АҶАМ
- Баҳри қариб
Ин баҳр аслан яке аз се баҳри махсуси аҷам буда, ба баҳри музореъ наздикӣ дорад. Баъд аз Халил ибни Аҳмад аз тарафи яке аз арӯзиёни мутааххир Юсуфи Нишопурӣ эҷод шудааст. Ба қавли баъзе арӯзиёни аҷам Юсуф касест, ки илми арӯзи форсу тоҷикро таълиф намудааст.
Рукнҳои солими ин баҳр мафойлун фоилотун буда, дар ин шакл истеъмол намеёбад.
Зиҳофоти рукни мафойлун: 1) макфуф — мафойлу; 2) аҳраб — мафъӯлу; 3) мақбуз — мафоилун; 4) аҳрам — мафъӯлун.
Зиҳофоти фоилотун: 1) максур — фоилон; 2) маҳзуф — фоилун; 3) маслуҳ — фоъ.
Якумин вазни 11-ҳиҷоии баҳри қариб (қариби мусаддаси макфуфи максур) — мафойлу мафойлу фоилон V — — V/V — — V/ — V ~ ду бор,
Фиғон з-он сари зулфайни тобдор,
Фурӯ ҳишта з-он сукути обдор.
(Ал-мӯҷҷам).
2-юмин вазни 11-ҳиҷоии баҳри қариб — (мусаддаси аҳрабу макфуф — мафъӯлу мафойлу фоилотун — — V/V — — V/ — V — — :
То мулки ҷаҳонро мадор бошад,
Фармондеҳи ӯ шаҳриёр бошад.
(Анварӣ).
3-юмин вазни 10-ҳиҷоии баҳри қариб (мусаддаси аҳрабу макфуфу максур) мафъӯлу мафойлу фоилон — — V/V — — V/ — V ~:
Орад шарафи мардумӣ падид,
Озоданажод аз дирамхарид.
(Рӯдакӣ).
¹ Ин порча аз панҷ банд иборат буда, ҳар банд 14 мисраъ дорад, ки ду мисраи охирӣ накарот аст. Ба ҷуз банди аввал, бандҳои дигар гуногунвазнанд. Аз ин рӯ, вазни ин порчаро вазни озод номидан беҳтар аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо