Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

АдабиётШеърМаориф
Аз аввал хондан

зиёд меафтад, вале ин ҳолатро аз қатори сактаи малеҳ мешуморанд.

Чунон ки дар «Арӯзи Ҳумоюн» гуфта мешавад, ба вазни аслии ин баҳр на аз араб ва на аз аҷам касе касида нагуфтааст, аммо ҳар кас ҷиҳати имтиҳон байте гуфтааст:

1-умин вазни 12-ҳиҷоии баҳри мутадорик — V — (мутадорики мусаммани солим) 8 бор фоилун:

Бевафоӣ макун, дилрабоӣ макун,
То кай охир азобам намоӣ, макун.
(Ал-мӯъҷам).

Ҳусну лутфи туро банда шуд меҳру моҳ,
Хатту холи туро мушки чин хоки роҳ.
(Сайфӣ).

2-юмин вазни 12-ҳиҷоии баҳри мутадорик (мусаммани махбун) — файлун VV — 8 бор:

Чу руҳат набувад гули боғи Ирам,
Чу қадат набувад қади сарви чаман.
(Салмони Соваҷӣ).

Баъзе аз арӯзиён мусаммани махбуни ин вазнро дар шонздаҳ рукн — 24 ҳиҷо расонида шеър гуфтаанд:

Маю нағма мусаллами ҳавсалае ки қадаҳкаши гардиши сар нашавад.
Бихиёл аст сабуксари он қадарат, ки димоғи ҷуҷуи задатар нашавад.
(Бедил).

3-юмин вазни 8-ҳиҷоии мутадорик (мусаммани мақтӯъ), — фаълун — — 8 бор:

То кай маро дар ғам дорӣ?
То кай бар мо орӣ хорӣ?
(Ал-мӯъҷам).

4-умин вазни 6-ҳиҷоии мутадорик (мураббаи мақтӯъ) — фаълун — — 6 бор:

Ҷоно, дар дил кардам,
К-аз меҳрат баргардам.
(Ал-мӯъҷам).

5-умин вазни 4-ҳиҷоии мутадорик (мураббаи мақтӯъ) —фаълун — — 4 бор:

Уштур аф кард,
Дарё каф кард.
(Фолклор).

пешина
аз 303
навбатӣ