Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

5-умин вазни 8-ҳиҷоии мутақориб (мусаддаси максур) — фаӯлун фаӯлун фаӯл V — — / V — — / V ~:

Нигоро, куҷой, биёй
Ба ғурбат аз ин пас мапой!
(Ал-мӯъҷам).

Гоҳе рукни охир маҳзуф — фаал меояд:

Туро гӯям, эй мушксар,
Ба хубӣ шудастӣ самар.
(Ал-мӯъҷам).

  1. Баҳри муктазаб

Иктизоб дар луғат буридан аст. Ин баҳрро аз баҳри муи-сареҳ буридаанд. Чунки аркони ин ду баҳр якест. Фақат фарқ дар тартиб аст.

Рукни солимаш мафъӯлоту ва мустафъилун буда, дар ин шакл истеъмол намеёбад.

Рукни музоҳафи мафъӯлоту: 1) матвӣ — фоилоту; 2) маҳбун — мафоӣлу; 3) марфӯъ — мафъӯлу.

Зиҳофоти мустафъилун: 1) матвӣ — муфтаилун; 2) мактӯъ — мафъӯлун.

1-умин вазни 16-ҳиҷоии муктазаб (мусаммани матвӣ) — фо-илоту муфтаилун — V — V/ — VV — 4 бор:

Бо лабат чӣ металабам, бода назди ҷон чӣ бувад,
Бо рухат чӣ менигарам, банда пеши хон чӣ бувад.
(Сайфӣ).

2-умин вазни 14-ҳиҷоии баҳри муктазаб (мусаммани матвии мактӯъ) — фоилоту мафъӯлун 2 бор — V — V/ — — —:

Вақтро ғанимат дон он қадар ки битавонӣ,
Ҳосил аз ҳаёт, эй ҷон, як дам аст, то донӣ.
(Сайфӣ).

  1. Баҳри мутадорик

Тадорук дар луғат ба маънои дарёфтан аст. Абулҳасани Ахфаш ин баҳрро баъд аз Халил ибни Аҳмад пайдо кардааст ва бо ин васила 15 баҳри Халилро ба 16 расонидааст.

Дар арӯз ин вазн рақзулхайл (асптозӣ, суръат ва ғайра), ё савтулноқус (садои зангулаи маъбади насоро) барин якчанд ном дорад. Рукни солимаш фоилун буда, зиҳофаш маҳбун — фаилун ва мактӯъ — фаълун меояд.

Дар ин вазн гоҳе дар охири рукни 2-юми шеър як ҳамсадо

пешина
аз 303
навбатӣ