Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Фиғон аз ғаму дарду доғи ҷудоӣ,
Ки з-ӯ шуд ба сад меҳнатам ошноӣ.
(С. Айнӣ).
Бути нозанинам, маҳи меҳрубонам,
Чаро қаҳрӣ аз ман? Балоят ба ҷонам.
(Лоҳутӣ).
2-юмин вазни 11-ҳиҷоии мутақориб (мусаммани максур) — ду бор фаӯлун фаӯлун фаӯлун фаӯл1 V - - / V - - / V - - / V ~:
На чун нури роят бувад офтоб,
Ки ин аз хато ояд, он аз савоб.
(Салмони Соваҷӣ).
На танҳо зи таъсири меҳри ҷаҳон,
Шавад борвар ин ниҳоли ҷавон.
(Ҳ. Юсуфӣ).
Гоҳе ба ҷон максур — фаӯл маҳзуф — фаал меояд:
Падармурдаро соя бар сар фикан,
Ғубораш биафшону хораш бикан.
(Саъдӣ).
3-юмин вазни 10-ҳиҷоии мутақориб (мусаммани макбузи аслам) — фаӯлу фазлун — 4 бор V - V / - - .
Гули баҳорӣ, бути таторӣ
Набид дорӣ? Чаро наёрӣ?
Набиди равшан чу абри баҳман,
Ба назди гулшан чаро наёрӣ?
(Рӯдакӣ).
Гарам бихонӣ в-арам биронӣ,
Дили хазинаро ба ҷон — онӣ.
(Ҳофиз).
Исмати Бухороӣ мутақориби макбузи асламро ки фаӯлу фаълун аст, ба шонздаҳ рукн расонидааст:
Зиҳӣ ду чашмат ба хуни мардум кушода тиру кашида ханҷар, Рухи чу моҳат сабоҳи давлат, хати сиёҳат шаби муанбар.
4-юмин вазни 9-ҳиҷоии мутақориб (мусаддаси солим) 6 бор фаӯлун V - -:
Зи дарди ҷудоӣ чунонам,
Ки аз зиндагонӣ ба ҷонам.
(Сайфӣ).
1 Ба ин вазн «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Сикандарнома»-и Низомӣ, «Зафарномаи Темурӣ»-и Ҳотифӣ ва монандӣ инҳо гуфта шудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо