Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Биё, ки зулфи кату чашми сурмасо ин ҷост,
Нигоҳи гарму адоҳои дилрабо ин ҷост.
(Зебунисо).
Палангро ба қафас банд кардан осон аст,
Валек маъни суруде бурун зи имкон аст.
(Деҳотӣ).
Дар мисолҳои зерин охирин рукни мисраи якум маҳбуни максур — файлон ва охирин рукни мисраи сонии мусаббағи аслам — фаълон омадааст, ки асосан дар вазн дигаргунӣ ҳосил намешавад:
Шаби сиёҳею торик ҳамчу зулфи бутон,
Ба пушти панҷараи оҳанин зиндоне...
(Пайрав).
3-юмин вазни 8-ҳиҷоии муқтасс (мураббаи маҳбуни арӯз ва зарб — аслам) — ду бор мафоилун фаълун V — V - / — —:
Чафо макун, ки нашавад,
Раҳе макаш, ки напояд.
(Ал-мӯъҷам).
- Баҳри мутақориб
Мутақориб ба маънои ба ҳам наздикшаванда меояд. Бинобар он ки сабабҳо бо ватадҳо наздиканд, яъне пеш аз ду ва баъд аз ду ҳиҷрои дароз як ҳиҷрои кӯтоҳ омадааст, арӯзиён чунии номидаанд. Рукни солими он фаӯлун буда, зиҳофоташ бтост.
- мақбуз — фаӯлу; 2) максур — фаӯл; 3) аслам — фаълун;
- асрам — фаълу; 5) маҳзуф — фаал; 6) абтар — фаъ;
Ин баҳр ду вазни солим ва 4 вазни фаръӣ дорад:
1-умин вазни 12-ҳиҷоии мутақориб (мутақориби мусаммани солим) — 8 бор фаӯлун. V — —:
Агар сарви ман дар чаман ҷо бигирад,
Аҷаб бошад, ар сарв боло бигирад.
(Сайфӣ).
Масӯзам ба хори бухорӣ нигоро,
Задам аз бухори ғамат сар ба хоро.
(Хайрат).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо