Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
6-умин вазни 6-ҳиҷоии мутадорик (мураббаи солим) фаӯлун — V — 6 бор:
Боғбонро бигӯ, Чист ин гуфтугӯ, Беҳудаву абас Ин ҳама гуфтутӯ.1 (Пайрав).
СЕ БАҲРИ ЭҶОДКАРДАИ АРУЗИЕНИ АҶАМ
- Баҳри қариб
Ин баҳр аслан яке аз се баҳри махсуси аҷам буда, ба баҳри музореъ наздикӣ дорад. Баъд аз Халил ибни Аҳмад аз тарафи яке аз арӯзиёни мутааххир Юсуфи Нишопурӣ эҷод шудааст.
Ба қавли баъзе арӯзиёни аҷам Юсуф касест, ки илми арӯзи форсу тоҷикро таълиф намудааст.
Рукнҳои солими ин баҳр мафойлун фоилотун буда, дар ин шакл истеъмол намеёбад.
Зиҳофоти рукни мафойлун: 1) макфуф — мафойлу; 2) аҳраб — мафъӯлу; 3) мақбуз — мафоилун; 4) аҳрам — мафъӯлун.
Зиҳофоти фоилотун: 1) мақсур — фоилон; 2) маҳзуф — фоилун; 3) маслуҳ — фоъ.
Якумин вазни 11-ҳиҷоии баҳри қариб (қариби мусаддаси макфуфи мақсур) — мафойлу мафойлу фоилон V — — V/V —
— V/ — V ~ ду бор.
Фиғон з-он сари зулфайни тобдор,
Фурӯ хишта зи сӯкути обдор.
(Ал-мӯҷҷам).
2-юмин вазни 11-ҳиҷоии баҳри қариб — (мусаддаси аҳрабу макфуф — мафъӯлу мафойлу фоилотун — — V/V — — V/ — V
— — :
То мулки ҷаҳонро мадор бошад,
Фармондеҳи ӯ шаҳриёр бошад.
(Анварӣ).
3-юмин вазни 10-ҳиҷоии баҳри қариб (мусаддаси аҳрабу макфуфу мақсур) мафъӯлу мафойлу фоилон — — V/V — — V/
— V ~:
Орад шарафи мардумӣ падид,
Озоданажод аз дирамхарид.
(Рӯдакӣ).
1 Ин порча аз панҷ банд иборат буда, ҳар банд 14 мисраъ дорад, ки ду мисраи охирӣ нақарот аст. Ба ҷуз банди аввали бандҳои дигар гуногунвазнанд. Аз ин рӯ, вазни ин порчаро озод номидан беҳтар аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо