Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

4-умин вазни 15-ҳиҷоии музореъ (мусаммани ахрабу макфуфу максур) — ду бор мафъӯлу фоилоту мафойлу фоилон.
— — V / — V — V / V — — V / — V ~:

Ман мӯйи хешро на аз он мекунам сиёҳ,
То боз навҷувон шаваму нав кунам гувоҳ.
Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сиёҳ кунанд,
Ман мӯй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ.
(Рӯдакӣ).

З-он шамъи лоларух ҳама кас дарду доғ дошт,
Парвона хешро зи миён бар чароғ дошт.
(Арӯзӣ Ҳумоюн).

Сарв аст қомати туву сарви суманбар аст,
Сабз аст орази туву сабзи муанбар аст.
(Мӯҳтрами Бухороӣ).

Шаб дар бағал нигор, ба дастам пиёла буд,
Бедор гаштам аз сари шодӣ, ки хоб буд.
(Шакурии Самарқандӣ).

Нӯшам ба шодмонии он дам шароби сурх,
К-аз шарқи инқилоб дамад офтоби сурх.
(Лоҳутӣ).

Ба ҷон рукни охирин — фоилон (максур) гоҳе фоилун (маҳзуф) меояд:

Дидор менамоиву парҳез мекунӣ,
Бозори хешу оташи мо тез мекунӣ.
(Саъдӣ).

Дорам буте ба ҷилва дили санг об кун,
В-аз акси хеш оина олі аноб кун.
(Наҷиби Ҳиндӣ).

Ҳар кас ки мубталои ту, эй дилрабоӣ, шуд,
Қораш зи сӯзи дарду ғамат оҳу вой шуд.
(Мунзим).

Аз ҷинси ҷону дил, ки маро бад як ба як,
Чун дидам, он ҷамол, бигуфтам: «Фадайту лак»1.
(Садри Зиё).

Эй пираҳан аз он тани нозук чӣ дидай?
К-ӯро ба бар чу ҷони киромӣ кашидай?
(Маҷнуни Бухороӣ).

1 Фидо кардам ба ту.

пешина
аз 303
навбатӣ