Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Зиҳофоти мафойлун 7-тост: 1) макдуф — мафойлу; 2) ахрам — мафъӯлун; 3) ахраб — мафъӯлу; 4) муханнаки максур — мафъӯл; 5) махфуз — фаӯлун; 6) макбуз — мафойлун: 7) абтар — фаъ.

Зиҳофоти фоилотун 6-тост: 1) макдуф — фоилоту; 2) максур — фоилон, 3) махзуф — фоилун; 4) мусаббағ — фоилиён; 5) маслуҳ — фоъ; 6) матмус — фаъ.

Зиҳофоти мунфасил дар вақти тақтеъ ҳамчун муттасил ҳисоб меёбанд.

1-умин вазни 15-ҳиҷоии музореъ (музореи мусаммани макфуфу максур) — ду бор мафойлу фоилон мафойлу фоилон V— — V/ — V / V — — V/ — V.

Хуш он мавсими баҳор, ки бар тарфи лолазор,
Ниҳад ёри гулузор ба каф ҷоми хушгувор.
(Ҷомӣ).

2-юмин вазни 14-ҳиҷоии музореъ (мусаммани ахраб, арӯз ва зарб — солим) — мафъӯлу фоилотун мафъӯлу фоилотун — — V/ — V — —/ — — V/ — V — —:

Хоҳам ки сер бинам рӯи чу ёсаминаш,
Лек офат аст чашмаш, метарсам аз каминаш.
(Хусрави Деҳлавӣ).

Дунё тамоми ганҷ аст, мораш наменамояд,
Ҷӯши гул аст гулбун, хораш наменамояд.
(Шавкат).

Аз ҷустуҷӯят имрӯз ҷонам ба лаб расида,
Во ҳасрато, ки мурдам рӯи маҳат надида.
(Авзаҳи Ҳисорӣ).

Ногаҳ бакои умраш аз пушти бом омад,
Бахти сафед бингар, ҳангоми шом омад.

(Боқӣ Раҳимзода)

Ёрон, ба номам имрӯз мактуби ёр омад,
Бар қалби беқарорам сабру қарор омад.
(Ш. Мастон).

3-юмин вазни 15-ҳиҷоии музореъ (мусаммани ахрабу солиму мусаббағ) — ду бор мафъӯлу фоилотун мафъӯлу фоилиён — — V/ — V — — / — — V/ — V — ~.

Эй лаъли нӯшхандат коми шакардаҳонон,
Сирри даҳонт берун аз фаҳми нуктадонон.
(Ҷомӣ).

пешина
аз 303
навбатӣ