Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Чашми бадат дур, ай бадеъшамоил,
Моҳи ману шамъи ҷамъу мири қабила.
(Саъдӣ).
Дар ин мисол ба ҷои мафъулӣ — фаъ — маҳз асту — фаъ омад,
намунаи дигар:
Тобеи руҳат моҳу офтоб надорад,
Бе сабаб ин чарх печутоб надорад.
(Ҳоқӣ).
5-умин вазни 12-ҳиҷоии мунсареҳ (мусаддаси матвӣ) — муфтаилун фоилоту муфтаилун — VV — / — V — V / — VV — ду бор.
Чашми ту дармони хастае накунад, Зулфи ту ёди шикастае накунад.
(Арӯзи Ҳумоюн).
6-умин вазни 7-ҳиҷоии мунсареҳ (мураббаи як рукни матвию як рукни мавкуф) — ду бор муфтаилун фоилон — VV — / — V —:
Мағфирати ӣғзакак, Шӯҳаку кокулдароз, Аз ақаби шабпарак Лаблаби чӯҷо натоз!
(М. Фарҳат).
Рукни охирини мисраи 2—4 мавкуф омадааст.
7-умин вазни 7-ҳиҷоии мунсареҳ (мураббаи матвии максур ё мавкуф) — ду бор муфтаилун фоилон ё фолон — VV — V.
Бойдухтар:
— Ин чӣ нигоҳи аҷаб?
Рӯяма хӯрдӣ караб.
Чӯпонбача:
Ошиқаму беқарор.
Бойдухтар:
Косаи зар, зар биёр!
Чӯпонбача:
Муфлисаму раҳгузар.
Бойдухтар:
...накурӯ тез гузар!
(Фолклор).
Охири рукни ду мисраи миёна мавкуф омадааст. Ин вазн дар осори арӯзи классикӣ дида нашуда бошад ҳам, С. Айнӣ аз фолклор ёфтааст.
- Баҳри музореъ
Бинобар он ки баҳри мазкур ба баҳри мунсареҳ монанд аст,
музореъ номидаанд. Музореъ дар луғат монанд гуфтан аст.
Рукнҳои солимаш мафоӣлун ва фоилотун буда, вазне аз аркони солими онҳо ба миён намеояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо