Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Зиҳофоти мустафъилун: 1) матвӣ — муфтаилун; 2) махбун — мафоилун; 3) мақтӯъ — мафъулун; 4) ахазз — фаълун; 5) ахаззи мусаббағ — фаълон; 6) марфӯъ — фонлун; 7) мақтӯи мусаббағ — мафъулон.
Зиҳофоти мафъулоту, 1) махбун — мафоилу; 2) махбуни мавқуф — фаӯлон; 3) махбуни мақсуф (макшуф) — фаӯлун; 4) матвӣ — фоилоту; 5) матвии мавқуф — фоилон; 6) матвии мақсуф — фоилун; 7) марфӯъ — мафъулу; 8) маҷдӯъ — фоъ; 9) манхур — фаъ;
1-умин вазни 14-ҳиҷоии мунсареҳ (матвӣ, матвии мавқуф) — муфтаилун фоилон муфтаилун фоилон — VV — / — V ~ / — VV — / V ~
Он ки дилам сайди ӯст, мири шикори ман аст.
Даст ба хунам нигор карда нигори ман аст.
(Сайфӣ).
2-юмин вазни 14-ҳиҷоии мунсареҳ матвӣ (матвии мақсуф) — муфтаилун фоилун муфтаилун фоилун — VV — / — V — / — VV — / — V —:
Роҳи сухан баста шуд фикри сухансозро,
Пардаи ҳайрат гирифт чашми назарбозро.
(Арузи Ҳумоюн).
Дар ин вазн муфтаилун фоилон муфтаилун фоилун ё баръакс муфтаилун фоилун муфтаилун фоилон омаданаш равост:
Пушти дутон фалак рост шуд аз хуррамӣ,
То чу ту фарзанд зод модари айёмро.
(Саъдӣ).
Мо ҳарами синаро вақфи ғамат сохтем,
Ишқи бутон сар ба сар дар ҳавасат бохтем.
(Ал-мӯъҷам).
3-юмин вазни 13-ҳиҷоии мунсареҳ (мусаммани матвии арӯз ва зарб — манхур) — муфтаилун фоилоту муфтаилун фаъ — VV — / — V — V/ — VV — / —.
Дидан аҳли тамаъ ба неъмати дунё,
Пур нашавад ҳамчунон, ки чоҳ ба шабнам.
(Саъдӣ).
Синаи деҳқон зи ғусса оҳ надорад,
Кисаи доро зи лира роҳ надорад.
(Лоҳутӣ).
4-умин вазни 13-ҳиҷоии мунсареҳ (мусаммани матвии маҷдӯъ) — муфтаилун фоилоту муфтаилун фоъ — VV — / — V — V/ — VV — /~ ду бор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо