Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
сур — фоилун; 2) матвии мавқуф — фоилон; 3) маҳбуни матвин мақсуф — файлун; 4) аҳазз (маҳзуз) — фаълун.
1-умин вазни 11-ҳиҷоии баҳри сареъ (мусаддаси матвин мақсур ё мавқуф) — муфтаилун муфтаилун фоилун ё фоилон ду бор:
– ∨∨ – / – ∨∨ – / – ∨ ≃:
Вақти зарурат чу намонад гурез,
Даст бигирад сари шамшери тез.
(Саъдӣ).
Бода надорам, ки ба соғар кунам,
Гиря кунам, то мижае тар кунам.
(Бедил).
Нола ҳамон беҳ, ки зи дил сар кунам,
Гӯши фалакро зи фиғон кар кунам.
(Туғрал).
Шаб, ки ба ҳаҷри ту фиғон сар кунам,
Хотири ҳамсоя мукаддар кунам.
(С. Айнӣ).
Дар ин вазн гуногун омадани арӯз ва зарб мумкин аст. Масалан охири мисраи аввал матвии мақсур — фоилун ва охири мисраи сонӣ матвии мавқуф — фоилон омаданаш равост:
Зулфи сумансон ту, эй нозанин,
Тори ҳайту рамаки ҷони мост.
(Пайрав).
Дар ин вазн як мисраъ — муфтаилун мафъӯлун фоилон ва як мисраъ муфтаилун муфтаилун фоилон омаданаш ҳам мумкин аст:
Соя макун гесӯ бар офтоб,
То накашад ақл ба девонагӣ.
(Арӯзи Ҳумоюн).
- Баҳри мунсареҳ
Вазнҳои ин баҳр шӯх, рақсон ва сабук буда, онҳоро аз вазни сареъ баровардаанд. Рукни солимаш мустафъилун ва мафъӯлуту буда, ҳамаи вазнҳои ин баҳр аз зиҳофоти ин ду рукн ташкил меёбанд. Вале аз рукнҳои солими он вазне ба амал намеояд.
Зиҳофоти мустафъилун 7-то ва зиҳофоти мафъӯлуту 9-то мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо