Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Чу маро дарди ту бошад,
Дигар аз айш чӣ бояд?
(Арӯзи Ҳумоюн).

14-умин вазни 8-ҳиҷоии рамал (мураббаи як рукни макфуф, як рукни мушаъас) — ду бор фоилоту мафъӯлун
— V — V / — — — .

Аз миёни саҳроҳо,
Бигзарам саҳаргоҳон,
Зуд мешавад пайдо
Офтоби тобистон.

(М. Фарҳат).

15-умин вазни 7-ҳиҷоии рамал (мураббаи як рукни машкул, як рукни маҳзуф) ду бор файлоту фоилун VV — V / — V — .

Равад аз барам ба дур,
Диҳад ин тарона шӯр
Ба лабони шаккарин
«Мана гиру канд хӯр!»

(Ҳайрат).

Мисраи охирин халқӣ буда, Ҳайрат се мисраъ ҳамроҳ карда, тазмин кардааст.
16-умин вазни 4-ҳиҷоии рамал (мусанно (дурукна)-и солим: фоилотун — V — — ду бор:

Ҳавзи сангин,
Оби рангин,
Мори печон,
Гули хандон,1

(Фолклор).

  1. Баҳри сареъ

Ин баҳр аз он сабаб сареъ ном гирифтааст, ки дар хондани шеъри ин вазн овоз тез, шитобон ва сабук воқеъ мешавад. Рукнуои солими ин баҳр мустафъилун мустафъилун
мафъулоту буда, танҳо зиҳофоти ин рукнҳо истеъмол меёбад,
зиҳофи мустафъилун 4-то мебошад: 1) матвӣ — муфтаилун,
2) маҳбун — мафоилун, 3) мақтӯъ — мафъӯлун, 4) маҳбул—
фаилатун; зиҳофи мафъулоту низ 4-то аст; 1) матвии мак-

1 Мисраи охирини маҳбун — файлотун VV — — омадааст.

пешина
аз 303
навбатӣ