Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин байт соқӣ, майхона, оби ҳаёт, киштӣ, ба дарё кашидан ба ҳам алоқадор аст. Модоме ки шоир ба соқӣ муроҷиат кардааст, лозим буд, ки аз май сухан сар кунад, бинобар ин калимаи майхона зикр шудааст. Азбаски шоир майхонаро ба дарё монанд намудааст, дигар калимаҳои таносубии дарёро низ овардан зарур буд. Дар натиҷа калимаҳои об (оби ҳаёт) ва киштӣ зикр гардидааст. Шоир ин предметҳоро байни якдигар чунон алоқаманд намудааст ва муносибати ин калимаҳоро чунон истифода кардааст, ки барои хеле барҷаста ифода гардидани фикри ӯ имконият пайдо шудааст. Модоме ки майхона дарёи оби ҳаёт аст, ба ин дарё кашидани киштӣ чунин маъно дорад, ки шоир дар дунё зиндаи абадӣ хоҳад монд. Зеро аз рӯи афсона, Хизр андаке аз чашмаи оби ҳаёт нӯшида буд ва аз ҳамин сабаб умри ҷовидон ёфту ҳеҷ гоҳ нахоҳад мурд. Ва ҳол он ки шоир майхонаро ба дарёи оби ҳаёт ташбеҳ додааст ва дар ин дарё шиноварӣ кардан мехоҳад, яъне мехоҳад аз ин об аз Хизр ҳам бештар баҳраманд гардад. Ин аст, ки шоир майро хеле боло бардоштааст ва онро воситаи ҳаёти ҷовид донистааст. Ин фикри ӯ маҳз ба воситаи ба дарё ташбеҳ додани майхона ва хеле моҳирона истифода кардани муносибати калимаҳо, ки ба дарё алоқае доранд, хеле барҷаста баён ёфтааст. Аҳамияти санъати таносуб низ дар ҳамин ҷост.

Байти дигаре аз Мушфиқӣ:

Қадах, ки ҳамдами ӯ ашки лолагуни ман аст,
Даме ки лаъли ту нӯшад, шарики хуни ман аст.

Дар ин байт миёни калимаҳои «қадах» (киноя аз шаробе, ки дар қадах аст, зикри зарф — иродаи мазруф), «ашки лолагун», «лаъл» (киноя аз лаб) ва «хун», инчунин калимаҳои «ҳамдам» ва «шарик» таносуби маъноӣ мавҷуд аст. Шоир аввал дар асоси ранги предметҳо байни ин калимаҳо муносибат пайдо кунонидааст: шароб сурх аст, лаъли ёр, ки киноя аз лаби ӯст, низ сурх мебошад, ашки лолагуни ошиқ, ки аломати хун гиристан аст, низ бо ранги сурх нисбате дорад, хуни ошиқ ҳам бо инҳо ҳамранг аст. Аммо моҳияти ин предметҳо дар назари шоир таносуби тазодӣ пайдо кардааст. Шароб воситаи айшу хурсандист, вале бо ашки хунолуди ошиқ монанд аст. Вақте ки маъшуқа айшу мекунаду шароб менӯшад, гӯё хуни ошиқро хӯрда истодааст. Ёр бепарво ва саргарми шодию хурсандист, аммо ошиқ аз рашк ва азоби ишқ ҷон меканад ва хун мехӯрад.

Ин аст, ки шоир монандии предметҳо ва муносибати калимаҳоро истифода бурда, дар як байт ду манзараи томро тасвир кардааст.

Мизоле аз Мулҳами Бухороӣ:

Дида ба ёди зулфи ӯ, Мулҳам, агар кушуда шуд, Баҳри назора ҷӯш зад, мавҷи шикан-шикан гузашт.

пешина
аз 303
навбатӣ