Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Дар ин байт калимаҳои «дида», «зулф», «кушода шудан», «баҳр», «назора», «ҷӯш задан», «мавҷ», «шикан-шикан», «гузаштан» — ҳама байни худ муносибати қавӣ доранд. Калимаи «зулф» зикри калимаи «шикан»-ро талаб кардааст, калимаи «дида» калимоти «назора» (нигоҳ) ва «кушодан»-ро, аммо калимаи «баҳр» калимоти «ҷӯш задан», «мавҷ» ва «гузаштан»-ро талаб намудааст. Шоир он шавку завқ ва ҷӯшу хурӯшеро, ки ошиқ аз тамошои зулфи ёр ҳосил мекунад, бо ҷумлаи образноки «баҳри назора ҷӯш зад» ифода кардааст. Ҳиссиёту ҳаяҷони ошиқ чунон пуркувват аст, ки на танҳо баҳри назораи ӯ ҷӯш хӯрдааст, балки аз пеши назари ӯ мавҷи шикан-шикан гузаштааст, чашми ӯ сиёҳ задааст. Ин ҳиссиёту ҳаяҷони ошиқ аз тамошои шиканҷи зулф ва печу хами он пайдо гардидааст ва бинобар ин шоир ҳиссиёти ошиқро бо ибораҳое баён намудааст, ки ба зулф муносибате доранд: печу хами зулф ба эътибори намуди зоҳирии худ ба ҷӯши задани баҳр, ба мавҷҳои оби баҳр ва пасту баланд шуда рафтани он (шикан-шикан) монанд аст. Азбаски сарчашма ва сабаби ҳиссиёти қаҳрамони зулф аст, ин ҳиссиёту ҳаяҷон ба воситаи чизҳое тасвир шудааст, ки низ ба худи зулф монандӣ доранд. Аммо ҷӯш задани баҳр ва мавҷи шикан-шикан танҳо бо намуди зоҳирии худ ба зулф монанд нестанд, балки ҳиссиёти дили ошиқро низ ба хубӣ ифода карда метавонанд.
Ин гуна риоя намудани муносибати сухан яке аз хусусиятҳои хоси адабиёти мост, ки ташбеҳу истиора бояд на танҳо ҳиссиётеро барҷаста тасвир намояд, балки аз ҷиҳати намуд ва шакли зоҳирӣ низ ба сарчашмаи ин ҳиссиёт монандӣ дошта бошад. Дар санъати таносуб аксаран чӣ муносибати мазмунию маъноӣ ва чӣ муносибати шаклии предметҳои тасвиршаванда ва тасвиркунанда баробар ба назар гирифта мешавад. Ин тарз риоя шудани муносибати сухан беҳтарин шакли санъати таносуб ҳисоб меёбад.
Мисол аз Лоҳутӣ:
Тоҷикистон шуд мунаввар, то ту гаштӣ бениқоб,
Оламе равшан шавад, чун маҳ барояд аз саҳоб.
Дар мисраи 1-уми ин байт калимаҳои мунаввар ва бениқоб ба ҳам муносибатдор буда, дар мисраи 2-юми калимаи равшан ба калимаи мунаввар, калимаи олам ба Тоҷикистон, моҳ ба маҳбуба, саҳоб ба бениқоб алоқамандона ва ба таври истиора ба ҷони калимаҳои мисраи аввал оварда шудааст.
Мисоле аз М. Аминзода:
Шабҳои тираро ба шабохун намуда сарф,
Охир ба фатҳи субҳи дурахшон расидаӣ.
Дар ин мисол нисбати тира ба шабҳо, нисбати фатҳ ба субҳ, инчунин нисбати дурахшон ба субҳ, аз таносуби калимаҳо ҳисоб меёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё