Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
гирдоб вобаста аст, зеро гирдоб фурӯ меравад; аммо «печидан» ҳам ишоратест ба печу хами зулф ва ҳам ба гирдоб, ки печ мехӯрад, муносибат дорад.
Ин тарз мутаносиб овардани сухан яке аз воситаҳои муҳими барҷаста ифода кардани мазмун дар назми тоҷирист.
Саъдӣ гуфтааст:
Напиндорам, эй дар хазон кишта ҷав,
Ки гандум ситонӣ ба вақти дарав.
Шоир гуфтан мехоҳад: гумон намекунем, ки дар мавсими тирамоҳ ҷав кишта дар вақти дарав гандум хоҳӣ даравид. Аз ин сухан ғарази шоир он аст, ки бадӣ карда, дар охир некӣ мукофот талабидан хатост. Ин ҷо калимаҳои ҷав, гандум, дарав рамзи некӣ ва бадӣ буда, аз рӯи муносибати калимаҳо зикр ёфтааст ва шоир мақсадро моҳирона дар линоси рамз ва таносуб ифода кардааст. Байни «хазон» ва «вақти дарав», «киштан» ва «ситондан», «ҷав» ва «гандум» муносибати комил ҳаст.
Байни дигар аз Ҳофиз:
Дӯш дар ҳалқаи мо қиссаи гесӯи ту буд,
То дили шаб сухан аз силсилаи мӯи ту буд.
Дар ин байт калимаҳои дӯш (шаб), қисса, гесӯ (зулф), дили шаб (ними шаб) ба ҳамдигар сахт алоқадор буда, яке дигареро тақвият мекунад. Масалан, калимаи ҳалқа, аз як тараф, маҷлисро ифода кунад, аз тарафи дигар, ишора ба хаму печи мӯй аст. Азбаски шоир дар бораи гесӯ ва мӯй сухан ронда истодааст, маҷлисро низ ба калимае ифода карданаш лозим буд, ки ба мӯй ҳам алоқае дошта бошад. Бинобар ин маҷлисро ҳалқа гуфтааст, ки ҳам ба маънои ҷамъомад аст ва ҳам ба мӯй бевосита муносибат дорад (печи мӯйро ҳалқаи мӯй низ мегӯянд). Дар миёнаи «ҳалқа», «дил» ва «силсила» (занҷир) низ муносибат хеле қавист. Зеро силсила (занҷир) аз ҳалқаҳо иборат аст, модоме ки шоир силсиларо номбар кардан мехоҳаст, ҳалқаро номбар карданаш муносиб аст. Дар ибораи «дили шаб» калимаи «дил» ҳам бо гесӯю мӯй ва ҳам бо силсила алоқа дорад, зеро маҷозан ишора ба банди мӯй ва ҳалқаи занҷир аст. Ғайр аз ин, ифодаи «дили шаб», ки вақти торикист, ба сиёҳии мӯй ва дарозии он вобаста аст. Дар айни замон байни «қисса» ва «шаб» чунин муносибат ҳаст, ки қиссаро одатан шаб мегӯянд: дарозии шаб ба дарозии гесӯ ба ҳам алоқаманд аст. Ин аст, ки дар ин байт ҳамаи калимаҳо байни худ алоқаю робитаи хеле нозук пайдо кардаанд ва мазмуни умумии байт аз ҳамин алоқаю робита ҳосил мешавад.
Байти дигар аз Ҳилолӣ:
Соқиё, майхона дарёест, пур з-оби ҳаёт,
Ҷаҳд кун, то киштии худро дар он дарё кашем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё