Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Кӯҳ дорад кону маъдан, варна санги хора аст,
Ишқ дорад дил, вагарна ҳиссаи бекора аст.
(Ҳ. Юсуфӣ).
Пахта дар саҳро шукуфта, интизори чидан аст,
Ғайрат, эй ёрон, ки ғайратро дами санҷидан аст.
(Суҳайлӣ).
Дӯстон, аз Тоҷикистон, аз диёри мо салом,
Аз тамоми водӣҳои файзбори мо салом.
(Ф. Ансорӣ).
Офтоб аз дар даромад, соя ҳандидан гирифт,
Аз дили пурҳазратам зардоб чакжидан гирифт.
(Фолклор).
Дар хиёбони най (нав(о)хтам¹ хирмани гул даргирифт,
Ҳайф, рӯи бегуборам чангу хокистар гирифт.
(Фолклор).
9-умин вазни 12-ҳиҷоии рамал (мусаддаси солим) — фоилотун, фоилотун фоилотун 2 бор:
—V——/—V——/—V——
Эй нигоринрӯи дилбар, з-они мой,
Рух макун пинҳон, чу андар ҷони мой.
(Сайфӣ).
10-умин вазни 11-ҳиҷоии рамал (мусаддаси маҳзуф) — ду бор фоилотун, фоилотун фоилун
—V——/—V——/—V—:
Бишнав аз най, чун ҳикоят мекунад,
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
(Румӣ).
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангт макун.
(М. Турсунзода).
То набинӣ қурқурикаррокро,
Аҳмаке, бошӣ, кушои токро.
(Фолклор).
Ба ҷои фоилун гоҳ фоилон — V ~ меояд:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
(Рӯдакӣ).
¹ Вариант: Дар биёбони най кашидам...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо