Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

Гар мусаввир ба варақ сурати он моҳ кашад,
Чун ба он кокули шабранг расад, оҳ кашад.
(Шавкати Бухороӣ).

Синарешат ману ту марҳами ҷони дигарӣ,
Карда рам аз ману оромӣ равони дигарӣ.
(Музтариби Бухороӣ).

Доштам тотуяке логару бадному асав,
Пушт оганда чу дасти чарабу рӯи махав.
(Шоҳин).

Дил агар санг бувад, ҳаҷри ту обат бикунад,
Ишқ агар куфр бувад, ҳусни ту бобаш бикунад.
(Лоҳутӣ).

Хандаи лаъли лабат бурда қарори дили ман,
Наргисат бо нигаҳе карда шикори дили ман.
(Ҳ. Юсуфӣ).

Рақсад ар ёри суманбар, ҳамаро шод кунад,
Саҳнаро мисли гулистон тарабобод кунад.
(М. Фарҳат).

Гоҳе рукни охирин аслам — фаълун меояд:

Чашми шӯхру бари симин, дили сангин дорӣ,
Холи мушкин, рухи рангин, лаби ширин дорӣ.
(Камоли Хуҷандӣ).

Сохт барги тарабу айш муҳайё наргис,
То кашад бо дафу най соғари саҳбо наргис.
(С. Айнӣ).

Гоҳе садр ё ибтидо маҳбун — фаилотун VV - - - меояд:

Нигаҳи шӯҳи ту маст аз майи ором бувад,
Гардиши чашми ту болидани бодом бувад.
(Шавкат).

5-уми вазни 13-ҳиҷоии рамал (мусаммани садру ибтидо—
солим, ҳашвҳо — маҳбун, арӯзу зарб — маҳчуф / — фоилотун
фаилотун файлотун фаъ — V - - /VV - - / VV - - / -

Он кунад қаҳри ту бо зулм, ки бо гул дай,
Он кунад лутфи ту бо адл, ки бо тан май.
(Салмон).

1 Ҳараб — хориш.

пешина
аз 303
навбатӣ