Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

2-юмин вазни 16-ҳиҷоии рамал (мусаммани мусаббағ) — фоилотун фоилотун фоилотун фоилиён ду бор
— V — — / — V — — / — V — — / — V — ~.

То ба кай гирям ба зорӣ ҳамчу абри навбаҳорон,
Аз сари андӯҳу ҳасрат дар фироқи гулбузорон.
(Салмонии Соваҷӣ).

3-юмин вазни 16-ҳиҷоии рамал (мусаммани маҳбун) ҳашт бор фоилотун VV — — дар байте:

Шакаратро шуда гарчи сипаҳи мӯр мураттаб,
Магасе низ нахоҳам, ки кунад соя бар он лаб.
(«Меъроҷ-ул-арӯз»).

Исмати Бухорӣ ин вазнро ба 16 рукн расонидааст:

Ранги рухсору дури гӯшу хату ҳадду қаду
Оразу холу лабат, эй сарви парирӯи суманбар,
Шафаку кавкабу шому саҳару тӯбию гулзору
Биҳишт асту ҳилолу тарафи чашмаи кавсар...
(Исмат).

Чунон ки Муҳаммад Ғиёсиддин дар «Меъроҷ-ул-арӯз» гуфтааст, онҳое ки аз арӯз бехабаранд ин вазнро ба баҳри тавил омехта, ба хато мераванд.

4-умин вазни 14-ҳиҷоии рамал (мусаммани садру ибтидо солим, ҳашвҳо — маҳбун, арӯзу зарб — маҳбуни максур) — ду бор фоилотун фаилотун фаилотун фаилон — V — — / VV — — / VV — — / VV ~

Чашми давлат зи савдои каламат гашт мунир
Боғи дониш зи саҳоби карамат ҳаст назир1.
(Салмонии Соваҷӣ).

Ёр агар ҷилва кунад, додани ӯн ин ҳама нест,
Ишқ агар хайма занад, мулки ҷаҳон ин ҳама нест.
(Ғассо).

Эй ба гулгун рухи ту бандаву чокар гули сурх,
Чеҳра бинмой, ба пои ту ниҳад сар гули сурх.
(С. Айнӣ).

Гоҳе ба ҷои рукни охирини маҳбуни максур — фаилон маҳбуни маҳзуф — фанлун меояд:

Эй хуш он дам, ки набудӣ ту ба кори дигаре,
Ҳар замон бо ту гирифтем канори дигаре.
(Малеҳои Самарқандӣ).

1 Назир — сабзу хуррам.

пешина
аз 303
навбатӣ