Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Ҳар кас ки бошад ҳамхонаи субҳ,
Чун меҳр гардад парвонаи субҳ.
(Турғал).
Дидам ҷамоле, абрӯҳилоле,
Дар зери чашмаш бинҳонда холе.
(М. Турсунзода).
9-умин вазни 5-ҳиҷоии раҷаз (мусаннои мураффал) — ду бор мустафъилотун ——V——:
Эй дил, чӣ зебо
Боғоту саҳро,
Пӯшида қолин
Нақшину рангин.
(Деҳотӣ).
10-умин вазни 8-ҳиҷоии раҷаз (мусаннои солим) — ду бор мустафъилун ——V—:
——V—:
Ман аз куҷо
Ёбам туро?
То гӯям аз
Аҳду вафо.
(«Таронаи Кашмир», тарҷумаи М. Турсунзода)
- Баҳри рамал
Калимаи «рамал» аз калимаи «рамалон» гирифта шудаасту дорои чанд маъно буда, яке аз онҳо навъе аз давидани уштур аст.
Рукни солимаш ба шакли фоилотун омада, зиҳофоташ инҳост: 1) Макфуф — фоилоту; 2) Маҳбун — фаилотун; 3) Машкул — фаилоту; 4) Максур — фоилон; 5) Маҳзуф — фоилун; 6) Маҳбуни маҳзуф — фаилун; 7) Аслам — фаълун; 8) Аслами мусаббағ — фаълон; 9) Маҳбуни мақсур — фаълон; 10) Марбӯъ — фаал; 11) Маҷҳуф — фаъ; 12) Маҷҳуфи мусаббағ — фоъ; 13) Мушаъас — мафъӯлун.
1-умин вазни 16-ҳиҷоии рамал (рамали мусаммани солим) — аз такрори 8 бор фоилотун — V — — — ҳосил мешавад:
Ёрро аз лутф бар ҳолам назар будӣ, чӣ будӣ?
Ё маро ҷуз ошиқӣ кори дигар будӣ, чӣ будӣ?
(С. Айнӣ).
Молдор аз ранҷи муздурон хабар дорад? Надорад.
Оҳи мискин бар дили мунъим асар дорад? Надорад.
(Лоҳутӣ).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо