Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Сарв нахонамат, ки ӯ нест бад-ин раъной,
Моҳ нагӯямат, ки маҳ нест бад-ин зебой.
(Ҷомӣ).
6-умин вазни 12-ҳиҷоии раҷаз (мусаддаси солим) — 6 бор мустафъилун — — V —:
Соқӣ, баҳор омад, манеҳ соғар зи каф,
Мутриб, шуда овардани ҳангоми даф.
(Хайрат).
7-умин вазни 8-ҳиҷоии раҷаз (мураббаи солим) — 4 бор мустафъилун1 — — V —:
Эй беҳтар аз ҳар доваре,
Бикшой корамро даре.
(Ал-мӯъҷам).
Мебинамит, мебинамат,
Рӯ сӯи зиндон меравӣ.
(Лоҳутӣ).
Эй тори ҳамовози ман,
Дар нолаҳои зор шав
То халқ фаҳмад рози ман,
Дар арзи олам ёр шав!
(Деҳотӣ).
8-умин вазни 10-ҳиҷоии раҷаз (мураббаи мураффал) мустафъилотун 4 бор — — V — —:
Айшам мудом аст аз лаъли дилхоҳ,
Корам ба ком аст, алҳамдулиллоҳ.
Эй бахти саркаш, тангаш ба бар каш.
Гаҳ ҷоми дилкаш, гаҳ лаъли дилхоҳ.
(Ҳофиз).
Имшаб ба хона он маҳ даромад,
Чандон нишастам, то маҳ баромад.
(Мушфиқӣ).
Охири мисраъҳои 1, 2, 4 фаълон, вале охири мисраи 3 фаълун омадааст. Дар ин байти Туғрал низ рукни охирин фаълон аст:
1 Ин вазро Шамси Қайс дар «Ал-мӯъҷам» мураббаи маштур номидааст.
2 Муаллифи «Арӯзи ҳумоюн» (саҳ. 66) байти болои Ҳофизро дар бахри мутакориби мусаммани аслам овардааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо