Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
- Аштар — фоилун, 7) Ахтам — фаӯл, 8) Маҷбуб — фаал, 9) Азалл — фоъ, 10) Абтар — фаъ.
Рубоӣ асосан аз 24 вазн иборат буда ба ду шаҷара ҷудо мешавад: шаҷараи ахраб ва шаҷараи аҳрам. Ҳар шаҷара 12 вазн дорад. Мисраъ агар бо рукни ахраб — мафъӯлу оғоз ёбад, шаҷараи ахраб ва бо рукни аҳрам — мафъӯлун оғоз ёбад, шаҷараи аҳрам ном мегирад.
Охири мисраъҳо бо яке аз ин чаҳор рукн тамом мешавад: фаӯл, фаал, фоъ, фаъ ва рукнҳои боқимонда дар байни мисраъҳо пасу пеш меояд.
Аслан ин вазни халқии форсу тоҷик мебошад ва арӯзиёни аҷам муттафиқанд¹, ки гӯё Рӯдакӣ ё худ яке аз шоирони ҳамзамони Рӯдакӣ дар атрофи Ғазнин аз даҳони кӯдаке, ки гӯйбозӣ мекард, бо ҳамин вазн чанд мисраъ шеър шунидааст ва ин вазнро аз ҳамон кӯдак омӯхтааст. Баъд арӯзиёни форсу тоҷик ин вазнро ба воситаи зиҳофот ва илал аз баҳри ҳазаҷ баровардаанд. Гӯё эҷодкори ин вазн порчаеро аз чаҳор мисраъ бино сохт ва рубоияш номид.
Аз рӯи ҳуҷҷатҳои бисёре исбот шудааст, ки рубоисароӣ танҳо дар ашъори форсию тоҷикӣ мустаъмал буда, дар ашъори араб истеъмол намешудааст: «дар замони қадим ба ин вазн шоирони тозӣ нагуфтанд ва акнун муҳаддисони (навоварони) табъ бар он иқболи тамом карданд ва рубоиёти тозӣ дар ҳамаи билоди араб шоеъ ва мутадовил гаштааст». («Ал-Мӯъҷам», саҳ. 108).
Баҳри рубоӣ нисбат ба баҳрҳои дигар бисёртар тағйирпазир аст ва ба ҳамин сабаб аз замонҳои қадим арӯзиён кӯшиш кардаанд, ки тағйироти ин вазнро қайд намоянд.
Дар ҳақиқат, ҳеҷ як аз баҳрҳои маъмӯлӣ дар забони форсу тоҷик он қадар ҳуқуқи тағйирот намедиҳад, чунон ки ин баҳр додааст.
Аз рӯи гуфти бештарин арӯзиёни аҷам донишманди бузург ва муаллифи китоби «Кайҳоншунохт» Имомҳасани Қаттони Марвазӣ нахустин бор тарзҳои гуногуни истеъмоли ин баҳрро дар ду шаҷара — ахраб ва аҳрам ҷамъ кардааст. Ба ақидаи Хонларӣ шеваи пешгирифтан ӯ аз камбудӣ холӣ набусад ҳам, бисёр устодона аст. Шоир соҳибихтиёр аст, ки ҳар як мисраи рубоиро ба яке аз он вазнҳои 24-гона гӯяд.
Ба ин асос, Парвези Нотили Хонларӣ иштикоқи вазни рубоиро аз музоҳафоти баҳри ҳазаҷ рад мекунад ва даъво дорад, ки ин ба таври қатъӣ як вазни маълуми халқӣ буда, ниҳоятдараҷа мувофиқ омадани он бо вазни ҳазаҷ ҳодисаи тасодуфист. Дар ҳақиқат, ӯ ба даъвои худ ҳақдор аст.
Яке аз далелҳои халқӣ будани рубоӣ гуногунии вазни он аст. Зеро на танҳо рубоӣ, балки ҳар як суруди халқиро аз рӯи қоидаҳои арӯз метавон тақтеъ намуд ва рукне тайин кард. Шарт нест, ки он вазн ба яке аз вазнҳои арӯз рост ояд.
¹ Шамси Қайс, Ал-Мӯъҷам, чопи Теҳрон, саҳ. 105.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо