Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
--v/v-v-/v--
---/-/v-/v--
Ба иборати дигар ба ҷои ду ҳиҷои кӯтоҳ як ҳиҷои дароз меояд, вале дар мавзуният нуқсон кам ҳосил мешавад. Дар арӯз чунин ҳодисаро сактайи малеҳ меноманд. Чунон ки дар ин байтҳо мебинем:
Лайли Маҷнун чу дурри макнун
Ҳушёркуни ҳазор маҷнун.
(Низомиё).
Нақши ҳама дид дар муқобил
Искандар з-оина, вай аз дил.
(Файзӣ).
Маснавии «Тӯҳфат-ул-ироқайн»-и Хоқонӣ, достонҳои «Лайливу Маҷнун»-и Низомӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Ҳилолӣ ва ғайра ба ин вазн гуфта шудааст.
10-умин вазни 7-ҳиҷоии ҳазаҷ (ҳазаҷи мураббаи як рукн аштару як рукн солим) — фоилун мафойлун — v — / v — — —:
Омад, омадат гардам,
Қадду қоматат гардам.
(Фолклор).
11-умин вазни 7-ҳиҷоии ҳазаҷ (ҳазаҷи мураббаи аҳрабу салим) — мафъулу мафойлун — — v/v — — — ду бор:
Эй рӯи ту гулзорам,
Дар дил машкан хорам.
(Ал-мӯвҷан).
Дарвоза нигин дорад,
Ду қулфи зарин дорад1.
(Фолклор).
Ҷонони нағзи ман,
Бодоми думагзи ман.
(Фолклор).
РУБОӢ
(Тарона)
Арӯзшиносон вазни рубоиро аз вазнҳои фаръии баҳри ҳазаҷ донистаанд ва рукнҳои он инҳост:
- Солим — мафойлун, 2) Макбуз — мафоилун, 3) Мафъул — мафойлу, 4) Аҳраб — мафъулу, 5) Аҳрам — мафъулу
1 Варианти дигараш: қулфи мармарин дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо