Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Зи дастат гарчи шуд хунини дили ман,
Вафодорат, нашуд ғамгин дили ман.
(Лоҳутӣ).
Саҳаргоҳон, ки булбул дар наво шуд,
Гул аз шодӣ шукуфту ғунча во шуд.
Шумо, эй булбулони боғи мактаб,
Саҳаргоҳон набояд хуфт ҳар шаб.
(С. Айнӣ).
Ватан, меҳрат ба дил азбаски ҷо шуд,
Дилам аз хуррамӣ чун ғунча во шуд.
(М. Турсунзода).
Сарам дард мекунад, сарбар надорам,
Дилам дард мекунад, дилбар надорам.
(Фолклор).
Ин вазн яке аз шоеътарин вазнҳост, ки аксари фаҳлавиёт, маснавиҳои ғарибӣ ва ошиқона бештар ба ин вазн аст1. «Вису Ромин»-и Фаҳруддини Гургонӣ, «Юсуфу Зулайҳо»-и Ҷомӣ ва Ҳозик, «Хусраву Ширин»-и Низомӣ, «Лайливу Маҷнун»-и Мулҳамӣ Бухороӣ ва дигарҳо ба ин вазн гуфта шудааст.
9-умин вазни 10-ҳиҷоии ҳазаҷ (ҳазаҷи мусаддаси аҳрабу макбузу максур) — мафъӯлу мафоилун мафоил — — V/V — V — /V — ~ ду бор:
Гар даст ба дасти дӯстат хор,
Нур аст ба дасти душманат нор.
(Салмони Соваҷӣ).
Дар баъзе байтҳо ба ҷои рукни охирини максур — мафоил маҳзуф — фаӯлун (V — —) меояд:
Маҷнун чамани хазонрасида,
Лайли сумани хазоннадида.
(Низомӣ).
Эй моҳликои моҳпайкар,
Эй сарви саҳиқади суманбор.
(Ҳамдӣ).
Гарчанд нарафта аз даҳонат
Таъми шакарини шири модар,
Гарчанд зи ашки кӯдакӣ тар
Рухсораи ҳамчу арғувонат...
(Ҳ. Юсуфӣ).
Баъзан дар мисраъҳои ҷудогона як ҳиҷо кам, яъне ба ҷои 10 ҳиҷо 9 ҳиҷо воқеъ мешавад ва шакли зеринро мегирад, рукнаш низ чунин мешавад: Мафъӯлун фоилун фаӯлун
1 Хонларӣ. Вазни шеъри форсӣ, саҳ. 180.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо