Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

5-умин вазни 15-ҳиҷоии ҳазаҷ (ҳазаҷи мусаммани макфуфу
максур) — мафоилу мафоилу мафоилу мафоил V — — V/V
— — V/V — — V/V — ~

Туро лаъли шакаррезу маро чашми гуҳарбор,
Туро ханда бувад хую маро гиря бувад кор.
(Ҷомӣ).

6-умин вазни 14-ҳиҷоии ҳазаҷ (ҳазаҷи мусаммани як рукни солиму як рукни аштар) — фоилун мафоилун фоилун мафоилун.
— V — / V — — — / — V — / V — — — ду бор:

Дидану зи худ рафтан тарзи ошноиҳо,
Пеши он санам будан олами ҷудоиҳо.
(Носир Алӣ).

Дар мисоли зерин рукни охирин мусаббағ омадааст.

Эй бародари ҷонӣ, кардӣ маро хандон,
Лек дурният карда музтариб маро чандон.
(Пайрав).

7-умин вазни 12-ҳиҷоии ҳазаҷ (ҳазаҷи мусаддаси солим) шаш бор мафоилун V — — — дар байте:

Нигорино, чаро бо ман намесозӣ,
Ба ҳусни худ чаро чандин наменозӣ
(Ал-мӯъҷам).

8-умин вазни 11-ҳиҷоии ҳазаҷ (ҳазаҷи мусаддаси максур) —
мафоилун, мафоилун, мафоил V — — — / V — — — / V — ~

Ба нақд имшаб, ки бо ҳам созгорем,
Назар бар насияи фардо чӣ дорем?
(Низомии).

Ту мехоҳӣ бидонӣ ёри ман кист?
Киро дил додаам, дилдори ман кист?
(Ҳ. Юсуфӣ).

Дар баъзе байтҳо ба ҷои рукни охир мафоил (максур) фаӯлун (маҳзуф V — —) меояд, яъне охири мисраъҳо бо ҳиҷои дарози оддӣ тамом мешавад. Чунон ки Низомӣ дар «Хусрав ва Ширин»-аш аз забони Ширин нисбат ба Хусрав мегӯяд:

Ман он мургам, ки бо гулҳо паридам,
Ҳавои гарми тобистон надидам,
Чу сабза лаб ба ширу барф шустам,
Чу гул бо сабзаҳои нағз рустам.
(Низомӣ).

пешина
аз 303
навбатӣ