Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

— — V / V — V / V — —
— — — / — V — / V — —

Ба иборати дигар ба ҷойи ду ҳиҷои кӯтоҳ як ҳиҷои дароз меояд, вале дар мавзуният нуқсон кам ҳосил мешавад. Дар арӯз чунин ҳодисаро сактаи малеҳ меноманд. Чунон ки дар ин байтҳо мебинем:

Лайлӣ Маҷнун чу дурри макнун
Хушёркуни ҳазор маҷнун.
(Низомии).

Нақши ҳама дид дар муқобил
Искандар з-оина, вай аз дил.
(Файзӣ).

Маснавии «Тӯҳфат-ул-ироқайн»-и Хоқонӣ, достонҳои «Лайливу Маҷнун»-и Низомӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Ҳилолӣ ва ғайра ба ин вазн гуфта шудааст.

10-умин вазни 7-ҳиҷоии ҳазаҷ (ҳазаҷи мураббаи як рукн аштару як рукни солим) — фоилун мафойлун — V — / V — — —:

Омад, омадат гардам,
Кадду қоматат гардам.
(Фолклор).

11-умин вазни 7-ҳиҷоии ҳазаҷ (ҳазаҷи мураббаи аҳрабу солим) — мафъулу мафойлун¯ — — V / V — — — ду бор:

Эй руйи ту гулзорам,
Дар дил машкан хорам.
(Ал-мӯъҷам).

Дарвоза нигин дорад,
Ду қулфи зарин дорад1.
(Фолклор).

Ҷононаи нагзи ман,
Бодоми думагзи ман.
(Фолклор).

РУБОӢ

(Тарона)

Арӯзшиносон вазни рубоиро аз вазнҳои фаръии баҳри ҳазаҷ донистаанд ва рукнҳои он инҳост:

  1. Солим — мафойлун, 2) Макбуз — мафоилун, 3) Макфуф — мафойлу, 4) Аҳраб — мафъулу, 5) Аҳрам — мафъулун,

1 Варианти дигараш: қулфи мармарин дорад.

пешина
аз 303
навбатӣ