Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Бувад афзун гудози ган зи паҳлуи ҳунар моро,
Зи шири мағзи бодом об мегардад шакар моро.
(Шавкат).
Нигори шӯҳи ман гоҳе ки бо ханҷар кунад бозӣ,
Сари шӯридагон дар арсаи пайкар кунад бозӣ.
(Ҳайрат).
Ҷигаррешам, кабобам, дилфигорам, ахғари ишқам,
Ғарибам, мустамандам, бекасам, хокистари ишқам.
(Комили Ҳисорӣ).
Чӯ тифлам то ба дӯши модари гетӣ нишондандам,
Ба ҷои шир сад хунобаи ҳасрат чашондандам.
(Сипандӣ).
Дило хомӯш шав, в-арна кабобат мекунам охир,
Ба охе дар танӯри сина обат мекунам охир.
(Лоҳутӣ).
Кушо оғӯшат, эй шаҳри азизам, пахтакор омад,
Саодатманд фарзанди далерат зарбдор омад.
(Боқӣ Раҳимзода).
Ватан, аз рӯи гулҳоят рухи дилдор мебинам,
Дурахшонтар туро аз меҳри пуранвор мебинам.
(Ансорӣ).
Гоҳе ба ҷои мафойлун дар рукни охир мусаббағ — мафойлон V — — ~ меояд:
Манам чун ғунча дар хуноба з-он гулбарги тар пинҳон,
Дилам садпораву ҳар пора дар хуни ҷигар пинҳон.
(Ҳилолӣ).
2-юмин вазни 14-ҳиҷоии ҳазаҷ (ҳазаҷи мусаммани аҳрабу макфуфу максур) — мафъулу мафойлу мафойлу мафоил
— — V/V — — V/V — — V/V — ~
Рӯят ба чунин дида тамошо натавон кард,
Васфи ту бад-ин сина таманно натавон кард.
(Камол).
Аз шаҳди лабат чошини бӯса баланд аст,
Гӯё даҳанат пистаи ҳалвои ба канд аст.
(Фитрати Зардӯз).
Ранге шикан аз чеҳра ба савдояшу зар гир,
Ашке бифишон дар ғамаш аз чашму гуҳар гир.
(Зуфархон Чавҳарӣ).
Хезед, рафиқон, ман гулранг биёред,
Танбӯру наю доираву чанг биёред.
(С. Айнӣ).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо